Додситонии кулли Қирғизистон хост, президенти пешин Ҷеенбеков муҷозот шавад

Додситонии кулли Қирғизистон аз ниҳодҳои амниятии ин кишвар хост, президенти пешин Соронбой Ҷеенбековро барои ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 ба ҷавобгарӣ бикашанд. Дар ин бора сухангӯи додситонӣ Наргиса Қуватова 2 феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

“Ин гуна дархост ба Кумитаи амният ва Вазорати умури дохилии Қирғизистон ирсол шудааст. Зеро ин ниҳодҳо парванда боз кардаанд. Дархост низ барои он фиристода шуд, ки дар доираи парвандаҳои мазкур баррасӣ ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”, – гуфт ӯ.

“Осебдидагони ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 ҳаракатеро бо номи “Киргиз умуту” таъсис дода, ба ҷавобгарӣ кашидани Ҷеенбековро талаб доранд. Президенти пешини Қирғизистонро ба он айбдор мекунанд, ки моҳи октябри соли 2020 мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дастур додааст, то тазоҳургарони осоиштаро пароканда созанд. Ҳамчунин талаб мешавад, ки Ҷеенбеков аз унвони президенти пешин маҳрум шавад.

Ҳаракати ҷамъиятии “Киргиз умуту” 1 декабри соли 2020 расман ба қайд гирифта шуда, онро Саломат Алмосбек уулу раҳбарӣ мекунад.

Дар Қирғизистон 4 октябри соли гузашта интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Аҳзоби мухолиф 5 октябр, баъди эъломи натиҷаҳои интихобот тазоҳурот баргузор карданд, ки ба беназмь печид.

Дар натиҷаи задухӯрди тазоҳургарон бо пулис беш аз ҳазор одам осеб дида, як нафар ҷон бохт. Онҳое низ ҳастанд, ки бар асари захм аз тирҳои резинӣ биноии худро аз даст додаанд.

Дар пайи ин буҳрони сиёсӣ президент ва ҳукумати Қирғизистон истеъфо доданд ва натиҷаҳои интихобот бекор карда шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.