Додситонии Туркия куштори зани қирғизро таҳқиқ мекунад

Додситонии шаҳри Анталияи Туркия тафтиши куштори шаҳрванди 23-солаи Қирғизистон Р. К.-ро оғоз кардааст.

Ба иттилои хабаргузории маҳаллии “Демир орен”, дар робита ба куштори мазкур сокини ноҳияи Муродпошои Анталия Е.О бозпурсӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои куштор маълум нест ва пулиси Анталия ҳам ба хотири “халал ворид нашудан” ба раванди тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ифшо намекунад.

Дар Туркия соли 2020 чанд шаҳрванди хориҷӣ кушта шудааст, маълум нест. Вале моҳи марти имсол хабар доданд, ки 56 зан аз Туркманистон бар асари заҳролудшавӣ аз арақи бесифат дар шаҳри Истамбул ҷон бохтанд. Соли 2019 аз Туркия ба Қирғизистон 17 ҷасад интиқол дода шудааст.

Дар Туркия расман беш аз 25 ҳазор муҳоҷири қирғизистонӣ ба қайд гирифта шудааст. Бештари онҳо дар шаҳрҳои Истамбул, Анқара ва Анталия кору зиндагӣ мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.