ДОИШ масъулияти ҳамла дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро ба уҳда гирифт

Гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаи маргбори рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар ноҳияи Рӯдакӣ ва марзи Тоҷикистону Узбекистонро ба уҳда гирифт. ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ “Аъмоқ” иддао кард, ки дар ҳамла даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштааст. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо ду нафар эълон карданд. Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар оғоз ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро кори ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” донистанд.  Онҳо гуфтанд, 20 ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр “бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд”.

“Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”, — омадааст дар изҳороти рӯзи 6-уми ноябр. 

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар задухӯрд 15 ҷангҷӯи гуруҳи “Давлати исломӣ”-ро кушта, панҷ нафари дигарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон инчунин гуфт, ин афрод ҳангоми ҳамла 5 автомати “Калашников”-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорат рӯзи 6-уми ноябр чанд акси ҷои ҳодисаро нашр кард, вале дертар онро пок намуд. 

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса тафсилоти дигар дар даст нест. Мақомот ба суолҳо посух намегӯянд ва таъкид мекунанд, ки таҳқиқ идома дорад. 

Дар бештар аз як соли ахир гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти чаҳор ҳамлаи маргборро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Дар ҳодисаи аввале, ки ДОИШ даст доштани худро эътироф кард, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара буд, ки бар асари он чаҳор нафар кушта шуданд. Баъдан ДОИШ масъулияти ташкили ошӯбҳои хунин дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдатро кори дасти худ хонд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро созмони террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз ин созмон ё ҳамдастӣ бо он боздошту зиндонӣ шудаанд. Мақомот соли гузашта гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ин гуруҳи даҳшатафкан пайвастаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.