ДОИШ масъулияти таркишҳо дар Ҷалолободро ба ӯҳда гирифт

Гуруҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамлаҳои ду рузи гузашта дар шаҳри Ҷалолобод — маркази вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистонро ба ӯҳда гирифтааст. Хабаргузории “Ройтерз” гузориш дод, ки пойгоҳии хабарии “Аъмоқ” вобаста ба ДОИШ дар паёме дар “Телеграм” иддао кардааст, ки дар ин таркишҳо беш аз 35 нафар аз афроди Толибон кушта ва ё захмӣ шудаанд. Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки дар таркиши рузи якшанбе дар шаҳри Ҷалолобод 5 тан, аз ҷумла як кудак ҷон бохтанд.  Дар се таркиши мина дар рузи шанбе дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Ҷалолобод ба камиаш 3 тан кушта ва 19 нафар захмӣ шуданд. Дар як таркиши дигар дар ғарби шаҳри Кобул рузи шанбе ду тан захмӣ шуданд Толибон дар бораи талафоти таркишҳои шаҳри Ҷалолобод расман чизе нагуфтаанд. Аммо ин гурӯҳ гуфтааст, талошҳо идома доранд то аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.