Доктор Додихудо Қадамзода дар бораи раҳматӣ Нурмаҳмад Наврӯзов

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кўш в-он гаҳ дар амон бош.

Зиндагии ҳар як инсон мисли равиши оби дарё – пурхурӯш, пурпеҷу тоб ва пурталотум мисли дарёи Панҷ дар доманакӯҳҳои Бадахшон ҳаст. Вале рисолати инсонӣ, яъне инсони комил он аст, ки ба ҳама пастиву баландӣ ва сахтию сардии рӯзгор нигоҳ накарда ҳамеша ҷасорату ҷавонмардонагии хешро ҳамчун инсон ҳифз мекунад ва ҷавҳарияти рисолати хешро бар мабнои фармудаи пайғомбари ориёҳо аз – “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” шиори худ месозад. Яъне инсони шариф некӣ ва накукориро сармашқи зиндагии хеш бояд қарор диҳад. Чунин буд рисолати рӯзгори Нурмаҳмад Наврӯзов, аз замони ҷавони чуноне ки дӯстону ҳамраҳонаш ёд мекарданд, як ҷавони дилписанду хушмуомила ва меҳрубон нисбати дӯстону ошноён буда ҳамеша ба ҳама ғамхорӣ зоҳир менамуд. Ӯ дар деҳаи Хумбиварии ноҳияи Дарвоз дар торихӣ 9 Сентябри соли 1941 дар оилаи корманди давлатӣ ба дунё омада, мутаассифона ҳанӯз дар замони тифлӣ аз навозиши гарми модар маҳрум мондааст, ва шояд зуд ятим мондан ҳам боиси меҳрубони ва ғамхории ӯ нисбати дигарон будааст.
Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби марказии ноҳия Дарвоз фаро гирифта минбаъд омӯзишро дар донишгоҳи шаҳри Душанбе идома дода баъд аз фориғ гадидани аз таҳсил ба идораи бехатарии ҳаракати роҳ ба кор даромада зиёд аз 50 соли умри пурбаҳои хешро ба хизмати мардум – мардуми шарифи Тоҷикистон бахшидааст. Ӯ дар ин ҷода ба ҳайси кучактарин корманд корро шурӯъ карда ба баландтарин мартаби он ба унвони полковник ва раиси Идораи Бехатарии Ҳаракати Роҳи Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон расид. Маҳз ҳамин хизмату меҳрубонии ӯ буд, ки ҳама хурду бузург ӯро мешинохтанду эҳтиромашро қоил буданд ва махсусан дар ноҳияи Дарвоз ҳамеша ба ӯ як эҳтироми хосае қоил буданд. Мутаассифона ду сол боз ӯ дар байни дӯстону азизон нест, вале хотираи ӯро дӯстонаш ҳамеша гироми медоранду зордӯзи ӯро ҳамчун як рӯзи махсус ки бо ҷашни истиқлоли кишвар мутобиқ аст дар якҷояги ҷашн мегиранд.
Ба ҳамин маъни Ҳаким Носири Хусрав ишора фармудаанд:

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кўш в-он гаҳ дар амон бош.

Некӣ ва накукорӣ ёдгориест ки аз ҳар як инсон дар ин дунёи гузорон мемонад, ва маҳз некӣ ва накукорӣ ёдгориест аз ин инсони шариф, ва хотираи некӣ ӯ ҳамеша дар ёду зикри дӯстон ва ҳамватанон хоҳад зист. Гарчанде ки имрӯз ӯ дигар дар байни мо нест ҷашни 78-умин солгардашонро барои дӯстон ва хонадони гиромияшон табрик мегӯем.
Рӯҳашон шоду хонаи охираташон обод бод!!!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.