Доналд Трамп дар ҳузури ҷонибдоронаш Ҷо Байденро танқид кард

Доналд Трамп, президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи шанбе ҳамоши бузургеро бори аввал пас аз канор рафтанаш аз Қасри Сафед роҳандозӣ кард.

Дар ин ҳамоиш дар аёлати Огайо ҳазорон нафар ширкат карданд.

Трамп, ки шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳояшро бастаанд, хеле кам дар расонаҳо ва дар ҳузури ҷонибдоронаш пайдо мешавад. Ӯ дар суҳбатҳояш маъмурияти Ҷо Байденро танқид мекунад.

Президенти собиқ бори дигар гуфт, ки интихоботи моҳи ноябри соли гузашта шаффоф набуд ва пирӯзии ӯро рабуданд. Ӯ ин ҳарфро борҳо такрор кардааст, вале далеле барои тасдиқи гуфтаҳояш пешниҳод накардааст.

Дар суханронии худ Трамп ба мавзуи Русия дахл кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Русия, Чин ва Эрон Амрикоро “таҳқир” мекунанд, ки замони раҳбарии ӯ чунин набуд.

Ӯ маъмурияти Ҷо Байденро ба он айбдор кард, ки ба Русия иҷоза доданд, сохтмони хатти лӯлаи газро ба Олмон анҷом диҳад.

Пештар Байден гуфта буд, ки маҳз маъмурияти Трамп иҷоза дод, ки сохтмони лӯлаи газ 90 дар сад анҷом ёбад.

Трамп дар бораи нақшаҳояш барои интихоботи президентии соли 2024 чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки Ҷумҳурихоҳон ҳатман барои курсии Қасри Сафед мубориза мекунанд.

Рӯзҳои наздик Трамп дар марз бо Мексика, дар аёлати Флорида, ки он ҷо зиндагӣ мекунад, ҳамоиш баргузор мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.