Доналд Трамп пеш аз муҳлат дар интихобот овоз дод

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми октбяр ва пеш аз муҳлат дар интихоботи президентӣ овоз дод, чун ба як рӯзи пуршӯри маъаракаи таблиғотӣ омодагӣ мегирифт. Трамп пас аз берун шудан аз бинои китобхонае дар аёлати Флорида, ки дар наздикии клуби дилхушии Mar-a-Lago-и ӯ қарор дорад, гуфт, “ман ба ҷонибдорӣ аз марде бо номи Трамп овоз додам”. Қаблан Трамп дар зодгоҳи худ, шаҳри Ню-Йорк, овоз медод, вале соле пеш ба Флорида кӯчид. Ҳудуди 55 миллион амрикоиҳо пешакӣ овоз доданд, чунки пандемияи коронавирус ҳузури бевоситаи одамонро дар интихобот мушкил кардааст. Ҳангоми овоздиҳӣ Трамп ниқоб дошт, аммо ҳангоми суҳбат бо журналистон ниқоби худро гирифт. Садҳо нафар аз ҷонибдорони ӯ дар наздикии ин нуқтаи раъйдиҳӣ ҷамъ шуда, шиори “Боз як давраи чорсола” садо мекарданд. Трамп талош дорад, маъракаи пеш аз интихоботиашро равнақ бахшад. Рақиби ӯ Ҷо Байден ба амалкарди президент Трамп дар робита ба пандемияи коронавирус таваҷҷуҳ мекунад.    

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.