Донишҷӯи деканро кордзада дар Душанбе боздошт шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  гумонбаршудаи 20 соларо боздошт кардаанд, ки ду рӯз пеш ба омӯзгори Донишгоҳи технолоҷии Тоҷикистонро бо корд захмӣ карда буд. 

 

  • Ба иттилоъи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  гумонбаршуда Давлятов Айниддин Нуриддинович,  таваллудаш соли 2000-уми, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ будааст, ки  донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.
  • Ба иттилоъи мақомот Айниддини 20-сола 28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ба декани Факултети менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музаффари 42-соларо дар назди утоқи кориаш бо корд ҳамла карда, бо  як зарби корд аз ноҳияи ишкам ӯро захмӣ кардааст.  Айни ҳол омӯзгор бо  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад, аммо хафв ба ҷони ӯ таҳдид намекунад.
  • Тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки ба донишҷӯ  “ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст. Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст. Дастгиршуда Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст”.
  • Мақомот донишҷӯи 20 соларо дар суиқасд ба одамкушӣ муттаҳам медонанд, ки дар ҳоли собит шудан дар додгоҳ аз 8 то 15 сол маҳрумият аз озодиро дар пай дорад. Назари гумонбаршуда ё ҳимоятчии ӯ дар ин бора ҳанӯз маълум нест. Тафтишоти қазия идома дорад.

The post Донишҷӯи деканро кордзада дар Душанбе боздошт шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.