Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба беморхонаи шаҳри Хоруғ дору кумак намуд

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар посух ба дархости фаврӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ барои табобати беморони гирифтори COVID-19 дору ва дигар лавозимоти мавриди ниёзи аввал кумак кард. Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ Саидбек Давлатбеков барои кумаки башардӯстона ба масъулони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ибрози сипос намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иттилоъ доданд.

Қабл аз ин Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи ғизо ва дору ба хонаводаҳои ниёзманд бунёдеро таъсис дод, ки бештар аз 100 корманди Донишгоҳ маоши якрӯзаи худро ба хазинаи ин бунёд гузарониданд. Инчунин бо мақсади коҳиш додани паҳншавии вируси COVID-19 дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ омодасозии 50 кат дар назар аст. Ҳамзамон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои пизишкон ва парасторони беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ таҷҳизоти муҳифозати шахсӣ кумак намуд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.