Донишмандони рус гуфтанд, ваксинаи сохтаашон зидди COVID-19 вокуниш мекунад

Донишмандони рус натиҷаҳои таъсири воксинаи “Спутник-V”-ро нашр карданд, ки ба гуфтаашон дар бадани инсон зидди коронавирус вокуниш нишон медиҳад.

Русия рӯзи 11-уми август гуфт, ки ваксина ба зидди COVID-19-ро расман сабт кардааст, вале шубҳаи зиёде дар бораи коромадии он вуҷуд дорад.

Рӯзи 4-уми сентябр натиҷаи тадқиқот дар ин бора дар маҷаллаи тибии “The Lancet”-и чопи Бритониё нашр шуд. Дар ин матлаб гуфта мешавад, онҳое, ки ин ваксинаро озмоиш кардаанд, худро хуб ҳис мекунанд ва ҳоло дар баданашон иммунитети зидди коронавирус пайдо шудааст.

Донишмандон дар дохил ва хориҷ аз Русия ҳанӯз ба коромад будани “Спутник-V” шубҳа доранд, чун мегӯянд, ҳанӯз он марҳилаҳои муайянро нагузаштааст.

Русия аз ҳама пеш эълон кард, ки ваксинаи нав ба зидди COVID-19-ро барои истифода расман сабт кард. Онро дар Озмоишгоҳи ба номи Гамалей офариданд. Аммо на ҳама ба коромад будани ваксина бовар доранд ва мегӯянд, ваксина дуруст озмоиш нашудааст ва Русия шитоб мекунад. Ҳоло барои озмоиши “Спутник” 40 ҳазор нафарро ҷалб кардаанд.

Валидимир Жириновский, раиси 74 солаи Ҳизби либерал-демократи Русия яке аз ихтиёриёне шуд, ки ваксина ба зидди коронавирус бо номи “Спутник-V”-ро ба ӯ гузаронданд. Владимир Путин, президенти Русия низ гуфт, ки духтараш ин ваксинаро озмоиш кардааст. Мунтақидон инро як тарғиботи тавоноии Русия дар арсаи тиббӣ медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.