Донишмандони узбек намуди нави растаниро кашф карданд

Академияи илмҳои Узбекистон хабар додааст, ки донишмандони ин ниҳод дар давоми 80 соли ахир бори нахуст намуди нави растаниеро кашф карданд.

Ба иттилои сомонаи расмии академия, намуди нави растаниро донишмандони Пажӯҳишгоҳи гиёҳшиносӣ дар куҳҳои вилояти Сурхандарё ошкор карда, онро “Ranunculus tojibaevii” номгузорӣ кардаанд.

“Охирин намуди нави растаниро дар Узбекистон соли 1941 ошкор карда буданд ва онро “Ranunculus vvedenskyi” ном гузоштанд”, – афзудааст манбаъ.

Дар бораи ин намуди нави растанӣ дар маҷаллаи маъруфи гиёҳшиносии “PhytoKeys” матлаби илмӣ ба нашр расидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.