Дориюш Раҷабиён

Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохта, фаъоли маданӣ, пешоҳанги ҳаракати мардумии гузор ба хатти ниёкон дар Тоҷикистон.

1-уми июни соли 1974 дар шаҳри Душанбе дар оилаи машҳури Раҷабиён ба дунё омадааст. Дар мактаби № 89 -и пойтахт таҳсил карда, онро дар соли 1991 хатм кардааст.

Аз 14-солагӣ гӯяндаи барномаҳои кӯдаку навҷавони садо ва симои Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 1991 вориди факултаи рӯзноманигории ДДМТ шуд ва пас аз чор моҳ ба дастури Иброҳим Усмонов ронда шуд. Баҳонаи ихроҷи ӯ ширкат накарданаш дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ буд, вале ҳама медонистанд, ки далели ронда шудани ӯ аз донишгоҳ фаъолиятҳои сиёсӣ ва ихтилофи назараш бо раҳбарони донишгоҳ аст.

Пеш ва пас аз давраи кӯтоҳи донишҷӯӣ бо ҳафтаномаи “Чароғи рӯз”-и журналисти маъруф Додоҷони Атовулло ҳамкорӣ мекард ва ҳамроҳ бо чаҳор донишҷӯи дигар дар ин нашрия сафҳаи “Панҷ дарвеш” доштанд.

Пас аз ронда шудан аз факултаи рӯзноманигории донишгоҳ ӯ дар ҳафтаномаи “Адолат”, нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон, таҳти назари Имомназари Холназар машғули кори рӯзноманигорӣ ва саҳифабандии роёнаӣ шуд.

Замоне, ки равшанфикрони тоҷик корзори барои расмият бахшидан ба забони форсӣ дар Тоҷикистонро пас аз наздики 70 сол султаи забони русӣ дар Вароруд ба роҳ андохтанд, ӯ аз фаъолони ин корзор буд.

Зери фишори ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷикон, ки тақрибан ҳама қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта буд, тобистони соли 1989  Қонуни забони давлатӣ тасвиб шуд ва забони форсӣ (тоҷикӣ) дар кишвар мақоми расмӣ гирифт. Аммо пиёдасозии ин қонун ва побарҷо кардани забони миллии Тоҷикистон пас аз чандин даҳа маҳрумияти он аз ин ҷойгоҳ баҳсҳои фаровонеро дар пай дошт.

Дар он рӯзгор  баҳси забони давлатӣ ончунон мардумӣ буд, ки нухбагони ҳоким ва русзадаи Тоҷикистони шуравӣ даступо хӯрданд. Надонистани забони мардум онҳоро  бечораву ҳақир ҷилва медод.
Аз Дориюш Раҷабиён дар он давра мақолоте дар нақди ҳукумати Шӯравӣ ва аҳамияти мардумсолорӣ, аз ҷумла зарурати расмисозии забони форсӣ ва бозгашт ба хатти форсӣ дар Варорӯд дар нашрияҳои мухталифе интишор ёфтанд.
Ӯ аз ҷумлаи ҷавонтарин равшанфикроне буд, ки дар ин корзори фарҳангӣ ва худогоҳи миллии тоҷикон нақши боризе доштанд.

 

Аз таъсиргузортарин иқдомоти ӯ дар ин замон, анҷоми мусоҳиба бо Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шӯравӣ дар соли 1990 буд.
Дар он замон Дориюши Раҷабиён (Шафқат Раҷабов) 16 сол дошт ва дар синфи даҳуми мактаби миёна дарс мехонд. Ин, ки раҳбари вақти Тоҷикистон ба як донишомӯз бо саволҳои бас чолишбарангез мусоҳиба дода буд, наметавонист аҳолӣ ва матбуоти Тоҷикистонро шигифтзада накунад.

Иқдоми дигари ӯ, ки дар фароянди истиқлолталабӣ ва озодихоҳои он даврон таъсири ҷиддӣ дошт, ин буд, ки ӯ ва чанде аз ҳамсолонаш дар майдони “Озодӣ”-и шаҳри Душанбе дар эътироз ба иқдомоти саркӯбгаронаи ҳукумати вақт бар дасту бозувони худро бо занҷир бастанду зарфи ду рӯз гуруснанишинии сиёсӣ доштанд.

Соли 1992 Дориюши Раҷабиён дубора бо имтиҳоноти аъло дар риштаи ховаршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таҳсил пардохт. Аммо ду моҳ аз таҳсил нагузашта буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ шурӯъ шуд ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори ҳизби коммунист – “Фронти халқӣ”, ки аз Русия ва Ӯзбакистон пуштибонӣ мешуданд, баъди ғасби Душанбе ба саркӯб ва куштори ҷонибдорони ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷик ва фарҳангиён пардохтанд.

Шаш ҷангии мусаллаҳ ба Дориюш дар “ҷазира” (Донишгоҳи миллӣ) ҳамла карданд ва лавозими ӯро ба яғмо бурданд. Ӯ захмӣ шуд. Дар таҳқиқоти пулис маълум шуд, ки он афроди мусаллаҳ аз дастаи Файзалӣ Саидов, аз фармондеҳони “Фронти халқӣ” буданд, аммо имкони таъқиби ҷиноии онҳо вуҷуд надошт, чун мамлакат ба дасти “Фронти халқӣ” афтода буд.

Тайи панҷ соли даргириҳо даҳҳо ҳазор мардуми бесилоҳ, ки миёнашон бештар аз 70 рӯзноманигор ва чанде аз маъруфтарин шахсиятҳои фарҳангӣ  низ буданд, ба дасти ин гурӯҳҳо ва ҳамчунин мухолифини онҳо – Иттиҳоди мухолифини тоҷик кушта шуданд. Гуруҳ-гуруҳ мардумон водор ба тарки Тоҷикистон гаштанд.

Дориюши Раҷабиён пас аз барканорӣ аз таҳсил ва дар ҳоле ки таҳти таъқиби нерӯҳои худсари “Фронти халқӣ” дар маконҳои мухталиф зиндагӣ мекард, маҷбур шуд кишварашро тарк кунад ва ба Эрон биравад. Ӯ ҳудуди ду сол дар Эрон ба сар бурд ва тайи ин муддат дар Дафтари мутолеъоти сиёсии Вазорати хориҷаи Эрон мутарҷим буд.

Як муддат гӯяндаву таҳиякунандаи барномаҳои русии бахши бурунмарзӣ дар Теҳрон ва сардабири муваққати бахши русии радиои Эрон низ будааст.

Омӯзиш ва худсозӣ дар ин муддат низ аз вежагиҳои ӯ буданд. Ӯ ба маҳзи вуруд ба Эрон ба лаҳчаи теҳронии порсӣ, ки дар Тоҷикистон худомӯзӣ карда буд, суҳбат кард.
Ба гунае, ки марзбонони эронӣ гумон карданд ӯ як шаҳрванди Эрон аст, ки бардурӯғ худро аз Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Дориюши Раҷабиён ба далели тафовути дидгоҳҳояш бо мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз он кишвар ихроҷ шуд ва муддате дар Туркманистон, Қазоқистон ва Русия зиндагӣ кард.
Ӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таблиғи дини зартуштӣ муттаҳам шуд, ҳарчанд ба гуфтаи худи ӯ, таблиғи мазҳабӣ дар дини зартуштӣ раво нест.

Баъд аз поёни ҷанги дохилии панҷсола (1992- 1997) Дориюш Раҷабиён ба Тоҷикистон баргашт ва мақолоте дар нашрияҳои мавҷуд чоп мекард. Албатта бештар нашрияҳои Тоҷикистон дар он солҳо баста шуданд ва шумори андаке фаъолият доштанд. Аз ҷумла баҳси бозгашт ба дабираи порсиро дар нашрия “Ҷунбиш”, ки ба Ҷунбиши миллии Тоҷикистон тааллуқ дошт ва он замон аз шумори камтарин нашрияҳои сиёсӣ ва ҷиддӣ маҳсуб мешуд, пас аз панҷ сол сукути фарҳангӣ дубора ба роҳ андохт.

Дориюши Раҷабиён дар сол 1999 мелодӣ ба радиои BBC-и форсӣ пайваст ва нахуст муддате аз Душанбе барои ин расонаи байналмилалӣ гузориш медод. Аммо баъд аз ду сол ба Ландан даъват шуд ва то соли 2006 аз таҳиякунндагон аслии барномаҳои ин радио буд.

Дар ин муддат ҳам бо чанде аз фарҳангиёни хушноми Тоҷикистон борҳо дар бораи масоили забон форсӣ ва фарҳанги Тоҷикистон мусоҳибаҳо ва гузоришҳои пахш кард.

Соли 2006 ба унвони сардабири сомонаи бахши тоҷики радиои “Озодӣ” ба Чехия даъват шуда, беш аз як сол кор кард.

Соли 2007 ба унвони таҳиякунандаи аршад ва муовини радиои “Замона” ба Омстердоми Ҳуланд даъват шуд.
Дар ҳамон сол ба Ландан баргашт ва корашро дар JadidOnline, нахустин торнамои чандрасонаии порсӣ, таҳти назари Боқири Муъин ва Ситораи Алавӣ оғоз кард.
Пас аз муддате сардабири ин нашрияи маҷозӣ шуд, ки падидаҳову рӯйдодҳои фарҳангии ҷаҳони порсигӯро пӯшиш медод ва дар панҷ соли кораш ба донишномаи фарҳангии комиле табдил шуд.

Дориюши Раҷабиён дар ин муддат бо расонаҳои дигаре чун CNN дар Ландан, Euronews дар Леуни Фаронса ва “Миёна”, мадрасаи омӯзиши рӯзноманигорӣ аз роҳи дур дар Конодо ва чанд ҷои дигар ҳамкорӣ кардааст.

Ӯ дар соли 2012 ба бахши ҷаҳонии Би-Би-Сӣ баргашт ва то кунун дар мақоми барномасоз, гузоришгар ва муҷрии аршад дар радио ва телевизюни форсии ин бунгоҳ кор мекунад.

Феълан бештар иҷрои барномаи “Чашмандози бомдодӣ»-и родюи Би-Би-Сиро ба уҳда дорад, ки ба таври телевизюнӣ ва онлойн ҳам пахш мешавад ва аз пурмухотабтарин барномаҳои ВВС-и  форсӣ аст.
Барномаи мусиқӣ ва саргармкунандаи “Аз ду сӯи Ому”, ки ба таронаҳо ва оҳангҳои ҷадид Тоҷикистон ва Афғонистон ихтисос дорад, аз ибтикороти муҳими Дориюши Раҷабиён дар радиои ВВС аст. Расонаҳои дигар аз ӯ барои тадрису омодасозии рӯзноманигорони кишварҳои дигар (Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Эрон) баҳра мебаранд.

Соли 2011 ӯ ибтикори иҷтимоии “Забони порсӣ”-ро роҳандозӣ кард, ки то ба ҳол аз фаъолтарин гурӯҳҳои ҷомеаи мадании Тоҷикистон аст ва солҳост баҳси гузор ба хатти порсӣ дар меҳвари баҳсҳои ин гурӯҳ аст.

Аз корҳои мондагори  Дориюши Раҷабиён дар ВВС тайи солҳои ахир таҳияи мустанад дар бораи Аморати Бухоро аст, ки аз вазъияти иморати Бухоро дар авоили қарни бистуми мелодӣ, бомбаборон ва ишғоли он аз сӯи Артиши сурхи Русия ва барчидани забони порсӣ тавассути давлати Шӯравӣ дар ин гаҳвораи адаби порсӣ қисса мекунад.
Ин мустанад барои мардумоне, ки дар бора сарнавишти шаҳрҳои бостонии Самарқанд, Бухоро, Чоч ва Фарғона дар даврон Шӯравӣ камтар хабар доранд, бисёр омӯзандааст.

Веблоги Дориюш Раҷабиён бо ном “Як дарвеш” ҳовии садҳо мақолаи ӯ ба забонҳои порсӣ, инглисӣ ва русӣ дар бораи масоили мухталифи фарҳангӣ, ағлаб дар бораи забони порсӣ ва масоил марбут ба он дар Варорӯд, аст.

Ӯ донандаи беш аз 10 забон мебошад. Дар Ландан иқомат мекунад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Дориюши Раҷабиён аз шумори камтарин рӯзноманигорони тоҷик аст, ки ба эҳтимоли зиёд бо даромади солонаи беш аз 1 миллион сомонӣ дар сархати феҳристи тавонотарин ва рақобатпазиртарин рӯзноманигорони тоҷик қарор дорад.

Оиладор. Аз издивоҷ бо Дилороми Гулназар соҳиби ду фарзанд мебошад: Париюш (духтар) ва Дастони Сипанто (писар).

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.