Дороии мансабдорони пешини Қирғизистон санҷида мешавад

Талошҳо барои рӯёнидани ҷуброни зарар дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома доранд.

Дар хадамоти матбуотии Департаменти судиҷрочиёни Қирғизистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир дороӣ ва ҳисобҳои бонкии маҳкумшудаҳо муайян карда мешавад.

Тибқи қарори додгоҳ, ҳар як маҳкумшуда, ки дар гузашта мансабдори баландпоя буд, бояд ба давлат 680 миллион сом (беш аз 8,5 млн доллар) ҷуброн пардозад.

Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек се парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор аст. Тафтишот мегӯяд, шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳашт тан аз мансабдорони баландпояи Қирғизистон – аз ҷумла сарвазирони пешин Сафар Исҳоқов ва Жантор Сотиболдиев, вазири пешини энержӣ, раиси пешини Холдинги миллии энержӣ, роҳбари ширкати пойгоҳҳои барқӣ, вазири молияи Қирғизистон дар доираи парвандаи мазкур маҳкум ба зиндон шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.