Довари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ Токио-2020 ҳакамӣ мекунад

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи муштзанӣ, мусобиқоти бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ҳакамӣ мекунад. Кумитаи олимпии Тоҷикистон гуфт, ин бори аввал аввал аст, ки як намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ доварӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Мансур Муҳиддинов аз тарафи гурӯҳи вижаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуд. Ӯро дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпӣ-2020 даъват карданд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз Мансур Муҳиддинов инчунин намояндагони Русия, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои доварии ин мусобиқот даъват шудаанд.

Мансур Муҳиддинов соли 1977 таваллуд шуда, аз соли 1991 ба бокс машғул мебошад. 10 сол варзишгар, аз ҷумла 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс буд ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ аст.

Аз соли 2001 ба кори мураббигӣ ва доварӣ гузашт. Соли 2010 ситораи дараҷаи 1-и Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро (AIBA) гирифт. Пас аз ҳафт сол имтиҳон супорида, ситораи дараҷаи 2 ва соли 2018 ситораи дараҷаи 3 (довари дараҷаи олимпӣ)-ро ба даст овард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.