Довталаби курсии президенти Тоҷикистон гуфт, имзоҳои ҷамъовардаашро нобуд мекунад

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва ягона номзади худпешбар дар интихоботи президентии моҳи октябр эълон кард, ки ба қадри кофӣ имзо ҷамъ карда натавонист ва аз ин сабаб корзори интихоботиашро ба анҷом мерасонад. Муҳлати сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ рӯзи 15-уми сентябр ба анҷом мерасад ва то имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон панҷ нафарро сабти ном кард.  

Фаромуз Иргашев рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бо тими интихоботиаш 83 ҳазор имзо ҷамъ карданд, ки барои сабти номи ӯ кофӣ нест, чун бар асоси қонун довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои сабти ном шудан ба ҳайси номзад бояд 260 ҳазор имзо ҷамъ оварад. 

Иргашев гуфт, имзоҳои ҷамъшударо барои мушкил эҷод нашудан барои мардум, яъне онҳое, ки тарафдораш ҳастанд, нобуд мекунад. Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз ин баъд талош мекунад, барои ислоҳи Қонуни интихобот ба Додгоҳи конситутсионӣ муроҷиат кунад. Бар асоси қонуни мазкур дар Тоҷикистон касе ҳақ надорад, мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кунад. Дар кишварҳои дигар чунин таҷриба ҳаст.

Рӯзи 11-уми сентябр муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Қарор аст, фардо шаҳодатномаи номзади интихоботи президентӣ ба номзадҳои сабтшуда супорида шавад. Маъракаи таблиғи номзадҳо ҳам баъд аз рӯзи 15-уми сентябр ва гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ оғоз мешавад. 

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд.  Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.

Аз ҳафт ҳизби сиёсии сабтшуда дар Тоҷикистон, танҳо Ҳизби сотсиал-демократ дар интихобот ширкат надорад. Ин ҳизб, ки ягона нерӯи мухолиф дар дохили кишвар ном бурда мешавад охири моҳи август эълон кард, интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад. 

Матн такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.