Дояи узбеке, ки сари кӯдаки 4-соларо бурида буд, аз Русия ихроҷ мешавад

Гулчеҳра Бобоқулова, сокини шаҳри Самарқанди Узбекистонро, ки баъди куштори духтарчаи 4-солаи маъюб дар шаҳри Москва иҷборан дар беморхонаи равонӣ бистарӣ шуда буд, аз Русия ихроҷ хоҳанд кард.

29 феврали соли 2016 баъди хомӯш кардани оташ дар яке ҳуҷраҳои воқеъ дар кӯчаи “Народного Ополчения”-и Москва ҷасади бесари духтарчаи чаҳорсоларо пайдо карданд. Каме баъдтар Бобоқулова дар назди истгоҳи метрои “Майдони октябр” ҳангоме боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи кӯдак “Оллоҳу Акбар” хитоб мекард.

Дертар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидони кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Бобоқулова ба гуноҳи хеш иқрор карда, гуфт, бо ин кораш аз Владимир Путин, президенти Русия барои бомбаборони Сурия қасос гирифт.

Додгоҳи Русия 24 ноябри соли 2016 қарори иҷборан табобат шудани Бобоқуловаро содир ва ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ барои он ки дар ҳолати номукаллафӣ даст ба куштор задааст, озод карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.