Ду сарбози украинӣ аз тири нишонзанҳо кушта шудаанд

Артиши Украина гуфт,  дар 24 соати гузашта дар шарқи ҷангзадаи кишвар ду сарбозаш кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Киев гуфтанд, ки дар миёни кушташудагон Ярослава Никоненкои 36-сола, як сарбози нерӯҳои хос ҳам будааст. Ба гуфтаи артиши Украина, ҳарду сарбоз аз тири нишонзан ба ҳалокат расидаанд.

Падари Ярослава, Сергей Никоненко низ соли 2015 дар ҷанги Донбас кушта шудааст. Дар умум дар моҳи октябр 7 низомии Украина дар шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Муноқиша дар инҷо дар моҳи апрели соли 2014 баъди ошӯби ҷудоиталабони тарафдори Русия оғоз ёфт.

Дар он сол ҷудоиталабон идораҳои ҳукуматӣ, милиса ва дигар ниҳодҳои амниятиро дар вилояти Донетск ва Луганск ишғол карданд. Аз аввали сол то кунун ба навиштаи вебсайти хабарии Сенсор.нет 90 сарбози украинӣ дар муноқишаҳо дар шарқи кишвар кушта шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.