Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон дастгир кардаанд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи мева дар Қирғизистон боздошт шудаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ин шаҳрвандони Тоҷикистон 4 тонна мандаринро бидуни иҷозат вориди хоки Қирғизистон кардаанд. Назари ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки исмашон фош нашудааст, ҳанӯз маълум нест. Мақомоти тоҷик низ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта мешавад, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон ба талаби марзбонон итоат накарданд ва талош доштанд ба хоки Тоҷикистон гузаранд. “Вале марзбонон онҳоро нигоҳ дошта, боздошт намуданд,”-омадааст дар хабарномаи идораи марзбонии Қирғизистон.

Маълум нест, ки ду шаҳрванди боздошшудаи Тоҷикистон то куҷо ин иттиҳомро қабул доранд.

Аз ду шаҳрванди боздошшудаи Тоҷикистон ном бурда нашудааст ва мақомоти қирғиз гуфтаанд, яке аз онҳо 31 ва дуввумӣ 35 сола аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, қазияи онҳо аз сӯи ниҳодҳои дахлдор таҳқиқ мешавад.

Хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон бо гумони қочоқ ҳар чанд вақт ба расонаҳо роҳ меёбад. Ин боздоштҳо баъзан дар минтақаҳое сурат мегирад, ки дар онҷо ҳанӯз марз миёни ду кишвар пурра аломатгузорӣ нашудааст. Аз 976 километр марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.