Ду узви дигари ДОИШ аз Тоҷикистон дар зиндонҳои Сурия

Таҳқиқи Радиои Озодӣ ва телевизиони ТВ4 -и Шветсия маълум кард, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар ҳамла дар Cтокҳолм даст доранд, дар зиндоне дар Сурия нигаҳ дошта мешаванд.

Майкл Дамберг, вазири умури дохилии Шветсия рӯзи 20-уми декабр гуфт, мехоҳад, тамоми онҳое, ки дар ҳамлаи террористии Стокҳолм робита доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. 

Дар таҳқиқи Хадамоти Амниятии Шветсия омадааст, ки ин афрод бо лақаби Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ бо Раҳмат Оқилов пеш аз ҳамлаи ӯ дар шаҳри Стокҳолм дар тамос буданд. Дар ин ҳамла дар рӯзи 7-уми апрели соли 2017 панҷ нафар кушта ва даҳ тани дигар захмӣ шуданд.

Таҳқиқи маъмурони амниятии Шветсия маълум кардааст, ки Қорӣ Усмон ба Раҳмат Оқилов, роҳҳои омода кардани бомбро нишон додааст ва Абу Аюби Кӯлобӣ чанд соат пеш аз ҳамла ӯро руҳбаланд кардааст, то ҳамларо дуруст анҷом бидиҳад. 

Мураббии бомбгузорӣ ва рӯҳбаландкунандаи ҳамлагар

Пеш аз ҳамла ба маҳаллаи Дроттингатан Раҳмат Оқилов бо теъдоди зиёде дар иртибот будааст ва яке аз онҳо Қорӣ Усмон, як ҷавони тоҷик аз шаҳри Ваҳдат будааст. Маъмурони амниятӣ дар телефони Раҳмат Оқилов дастури мукаммали омода кардани бомбро пайдо кардаанд. Ин дастурро ба ӯ Қорӣ Усмон фиристода будааст.  Номи воқеии ин фард ҳануз ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Манобеи Радиои Озодӣ баъди тамошои гузоришҳои телевизионҳои Туркия дар бораи зиндони Африн кӯдакони Қорӣ Усмонро шинохтаанд. Дар гузоришҳои телевизионҳои туркӣ фарзандони чанде аз ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлат исломӣ-“ро нишон доданд ва манобеи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомӣ онро тамошо кардаанд. Хешовандони Қорӣ Усмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки худи ӯ дар зиндони Африн будааст.

Абу Аюби Кӯлобӣ, ки номи воқеии ӯ ҳанӯз ба Радиои Озодӣ маълум нест, рӯзи 7-уми апрел бо Раҳмат Оқилов дар тамос будааст.  Дар парвандаи тафтиши ҳамла дида мешавад, ки Оқилов тавассути паёмрасони Zello ҳадди аққал 19 дафъа бо Абу Аюби Кӯлобӣ дар тамос буда ва дар як паёме дар рӯзи 7-уми апрел ӯ ба Раҳмат Оқилов навиштааст: «Саросема нашав хушру бин корота.”

Абу Аюби Кӯлобӣ асосан ба Раҳмат Оқилов паём мефиристодааст ва онҳо чаҳор дафъа телефонӣ сӯҳбат кардаанд, ки аз 16 то 117 сония тӯл кашидаанд.  Ӯ низ дар зиндони Африн нигаҳ дошта мешавад. Радиои Озодӣ саъй дорад, номи воқеии ҳарду ҷангҷӯро ошкор кунад.

Аз ин пештар Радиои Озодӣ маълум кард, ки дар ҳамин зиндон Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абу Довуд, яке аз мубаллиғони асосии ДОИШ аз Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, Қорӣ Усмон бо Парвиз Саидраҳмонов ҳамроҳ дастгир шудаанд.  Хабарро Радиои Озодӣ баъди таҳқиқи як гузориши телевизиони TRT- haber телевизонии давлатии Туркия ва суҳбат бо наздикони Парвиз Саидраҳмонов ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ошкор кард.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки аз ҳаракатҳои Абу Довуд дар Сурия огаҳ будаанд, гуфтанд, ки сокини 32-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми фирораш аз шаҳри Бағуз, охирин такягоҳи ДОИШ дар вилояти Идлиби Сурия дастгир шудааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ моҳи январ ва дигар манобеъ гуфтаанд, ки Саидраҳмонов тобистон дастгир шудааст. Ҷавони тоҷик аз ибтидои таъсиси ДОИШ дар соли 2014 пайваста дар видеоҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешуд ва ақидаҳои ин созмони ифротиро ба забони тоҷикӣ таблиғ мекард.

Зоҳир шудани ғайриихтиёрӣ дар телевизионҳои Туркия

Телевизиони TRT-и Туркия рӯзи 23-уми ноябр гузориши муфассалеро дар бораи зиндоне дар шаҳраки Африн намоиш дод, ки дар он Парвиз Саидраҳмонов дида мешавад. Ӯ дар ин гузориш ба забони арабӣ суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки аз Тоҷикистон аст ва ба Сурия, “барои ҷанг омадааст.” Ӯ худро ба хабарнигори дигари турк Фирдавс ва аз Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Туркия ҳамчунин гуфтанд, ки як ҷангҷӯи дигар аз Тоҷикистон Тоҷиддин Назаров маъруф бо номи Абу Усомаи Норакӣ ҳам баъди суқути ДОИШ дар Сурия ба размандагони курд таслим шудааст ва дар зиндоне бо номи Ҳаққулумр дар шаҳри Дайр аз Зур нигаҳ дошта мешавад. Тасдиқи ин хабар аз манобеи дигар номумкин аст. “Абу Усомаи Норакӣ” сокини 32-солаи шаҳри Норак аст, ки мақомот ӯро аз “хатарноктарин” таблиғгари тоҷикзабони ДОИШ номидаанд.

Телевизиони ТВ4-и Шветсия гузориш дод, ҳоло яке аз наздикони қурбониёни ҳамла дар маркази Стокҳолм мехоҳад, ки Хадамоти Амниятии Шветсия  ин зиндониёнро бозпурсӣ кунад. Телевизион мегӯяд, барои онҳо муҳим аст, ки ҳарчӣ бештар дар бораи ҳамла бидонанд, ки чаро Раҳмат Оқилов ба наздикони бегуноҳи онҳо ҳамла кард. Ҷессика Сандберг, вакили дифои яке аз хонаводаҳои қурбониён гуфтааст, ки онҳо умедворанд, таҳқиқи ҳамла дар Дроттингатан идома меёбад. Раҳмат Оқилов дар он замон мошини боркашро ба самти раҳгузарон равона кард, 5 нафар аз ҷумла се шаҳрванди Шветсия, як марде аз Бритониё ва як зани белгиягиро кушт.

Акнун фақат дар зиндони Африни Сурия се нафаре нигаҳ дошта мешаванд, ки бо Раҳмат Оқилов иртибот доштаанд. ТВ4 гузориш дод, ки натавонистааст, дар рӯзи 19-уми декабр назари додситон Ҳанс Ирманро, муфаттиши аслии парвандаи Оқиловро бигирад. Ҳоло маълум нест, ки Хадамоти Амниятии Шветсия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар робита ба ҳамла бозпурсӣ мекунанд, ё не.

Габриел Вернстедт сухангӯи ин хадамот гуфтааст: “Мо ҳоло ин иттилоро шарҳ дода наметавонем. Дар доираи салоҳиятамон, мо иттилои зиёде ҷамъ меорем ва ин вазифаи мост ва мо дар бораи он суҳбат намекунем.” Вазири умури дохилии Шветсия гуфт: “Агар афроде ҳастанд, ки ба ин амали террористӣ иртибот доранд, мардум Шветсия мехоҳанд, ки онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Барои ҷазо додани террористон ва онҳое, ки кӯмак кардаанд, ҳеҷ маҳдудияту мӯҳлате вуҷуд надорад.”  Додгоҳи Стокҳолм моҳи июни соли 2018 Раҳмат Оқиловро бо гуноҳи терроризм ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун нагуфтаанд, ки дар робита ба ҳамла дар Шветсия бо мақомоти ин кишвар ҳамкорӣ доранд, ё не. Вале рӯзи 18-уми декабр як  мақоми интизомии Тоҷикистон, ки нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо “роҳҳои ба Тоҷикистон баргардонида ва ба ҷавобгарӣ кашидани Парвиз Саидраҳмонов ва Тоҷиддин Назаровро баррасӣ мекунанд. Ин ду нафар дар Тоҷикистон ба тундгароӣ, узвият дар созмонҳои террористӣ ва зархаридӣ муттаҳам мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.