“Духтари обӣ”-и эронӣ, ки барои хоҳиши дидани футбол ба ҳабс маҳкум шуд, даргузашт

Зани 29-солаи эронӣ, ки баъди эълони айб барои талоши ширкаташ дар бозии мардонаи футбол даст ба худкушӣ зад, рӯзи 9 сентябр даргузашт. Саҳар Худоёрӣ, як ҳаводори футбол , ки ба хотири исми тими дӯстдоштаи футболаш “Духтари обӣ” ном гирифт, дар як бемористони Теҳрон даргузашт. Дар ин бора матбуоти Эрон дирӯз хабар дод. Гузоришҳои тасдиқношуда ҳокист, ки ӯ дар яке аз рӯзҳои истироҳати гузашта даргузашт ва ҷанозааш таҳти чораҳои шадиди амниятӣ дар шаҳри муқаддаси шиаён – Қум ба хок супурда шуд.

Ӯ чанд рӯз баъди он даргузашт, ки додгоҳ рӯзи 2 сентябр ӯро даъват кард ва гуфт, ки қонуни манъи ҳузури занон дар варзишгоҳи футболро нақз кардааст. Баъди шунидани қарори додгоҳ Саҳар Худоёрӣ ба танаш бензин рехт ва худро оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани духтар сӯхта буд.  Хоҳари Саҳар гуфт, ки ӯ дучори бемории ихтилоли дутарафа буд ва дар гузашта ҳам талош кардааст худкушӣ кунад.

Хоҳари Саҳар ба матбуоти эронӣ гуфтааст, ки баъди боздошт шудан ва шунидани хабари ин ки ӯро ба мӯҳлати шаш моҳ ҳабс мекунанд,  ҳолати рӯҳии хоҳараш бад шуд.

Ба нақли ин зан, Саҳар дар миёнаҳои моҳи март  мехост бо плаш ва мӯи сунъии ранги обӣ ба варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон ворид шавад. Хоҳараш гуфт, вақте муҳофизон хостанд ӯро ҷустуҷӯ кунанд, ӯ иқрор шуд, ки духтар аст. “Онҳо ҳамон ҷо ӯро боздошт карданд”,  гуфт зан рӯзи 5 сентябр дар сӯҳбат бо вебсайти Shahrvandonline.ir.  

Боздошту талоши худкушӣ кардан ва дар ниҳоят марги Саҳар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд кард ва бисёриҳо давлатро гунаҳгор карданд, ки дар давоми наздики чаҳор даҳсола занонро аз ворид шудан ба варзишгоҳ манъ мекунанд.

Дар гузашта танҳо гурӯҳҳои ҷудогонаи занон барои тамошои футболи мардона ва дигар навъҳои варзиши мардона иҷоза гирифтаанд. Дар бархе ҳолатҳои ҷудогона занони ҳаводори футбол тавонистаанд, ки бо либоси мардона вориди варзишгоҳ шаванд.

Парвона Салоҳшӯрӣ, як вакили зани эронӣ ҳодисаи ахирро маҳкум кард ва гуфт: “Ӯ духтари Эрон буд”. Ба гуфтаи ӯ, “занон аз ҳуқуқи бунёдии худ маҳрум шудаанд” ва ин қонунҳоро “мардон кӯркӯрона эҷод карда аз занон тақозо мекунанд, ки онҳоро риоя кунанд”.  Салоҳшӯрӣ дар твиттери худ навишт: “Дар ҳабс ва оташ задани Саҳари ин кишвар ҳамаи мо масъулият дорем”.

Чанд бозигари тими “Истиқлол”-и Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги пурфоҷеаи Саҳар таассуф баён карда гуфтанд, ки “шармзада” шуданд. Ҳусейн Маҳинӣ, бозигари тими миллии футболи Эрон дар саҳифаи твиттери худ як расми ба хотири Саҳар эҷодкардаи карикатуристи маъруфи эронӣ Умар Моманиро бознашр карда, онро “Духтари обӣ” ном гузошт.

Як мақоми эронӣ, ки номаш нашр нашуд, ба матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, ки ин духтар барои он боздошт шуд, ки либоси муносиб надошт ва бо ходимони амниятӣ моҷаро барпо кард.

Марги Саҳар дар ҳоле рух дод, ки FIFA – Федератсияи байналмилалии футбол ба Эрон фишор меорад, ки қонуни 40 сол пеш қабулшуда дар бораи манъи ҳузури занон дар варзишгоҳи футболро бекор кунад.

Рӯзи 25 август ниҳоят муовини вазири варзиши Эрон вокуниш кард ва гуфт, ки занон ба тамошои бозии Эрон-Камбоҷа, ки дар чаҳорчӯби бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонӣ баргузор мешавад, роҳ дода хоҳанд шуд.

Вале яке аз раҳбарони созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch Минкӣ Ворден FIFA-ро барои он интиқод кард, ки ба Эрон ба хотири манъи комили қонуни табъизомез бештар фишор наовард.

Ӯ гуфт, ҳодисае, ки бо Саҳар рух дод, “як фоҷеаи пешгӯишаванда барои Эрон буд” ва изҳори умедворӣ кард, ки шахсони гунаҳгор дар ин ҳодиса муҷозот мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.