Душанбе мизбони Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мегардад

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Рӯдакӣ таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Бори нахуст дар чунин ҳамоиши сатҳи баланд мавзӯи Куруши Кабир ҳамчун муаллифи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи башарият бо диди нав аз ҷониби донишмандони ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи омодагиҳо ба ин ҳамоиши илмии сатҳи баланди дарпешистода маълумот дода, зикр кард, ки симпозиум аз 4 бахш иборат буда, ду рӯз идома меёбад. Дар он донишмандони беш аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Франсия, Австралия, Эрон, Швейтсария, Шветсия, Ироқ,  Ӯзбекистон ва ғайра иштирок хоҳанд кард.

«Дар симпозиум дар маҷмӯъ иштироки беш аз 200 олими дохил ва хориҷи мамлакат дар назар дошта шудааст. Макони баргузории он ҳоло муайян нашудааст. Зеро толори  Академияи илмҳо барои ҷойгир намудани чунин шумора пешбинӣ нашудааст, бинобар ин кӯшиш намуда истодаем, ки ин ҳамоиши илмии сатҳи баландро дар ягон толори барҳаво баргузор намоем. Кумитаи тадорукоти симпозиум барои дар сатҳи баланд доир гардидани он тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба нақли номбурда, дар бахши якум-Куруши Кабир –чеҳраи мондагори таърих донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи Куруши Кабир, ҷойгоҳи ҳукумат ва идории Куруши Кабир дар таърихи башарӣ, Куруши Кабир ва Эъломияи ҳуқуқи башар, эҳтиром ба инсон ва озодии он дар Эъломияи Куруши Кабир, сохтор ва низоми идорию кишвардорӣ аз дидгоҳи Куруши Кабир ва идомати он дар масири таърих ва амсоли инро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Мавзӯъҳои баррасишавандаи илмии бахши дуюм-ҷашну оинҳои бостонӣ: омилҳои муҳими зиндагисоз ва баҳамоии инсонҳо- ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Наврӯз дар оинаи тамаддун, тамаддуни ориёӣ ва решаҳои баъдинаи он дар таърих, осори адабӣ, талошҳои Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар эҳёи ҷашнҳо чун мероси камназири фарҳангӣ дар баҳамоии мардумони башар ва ғайраро дар бар мегирад.

Бахши сеюм-анъана ва меросбарии фарҳангӣ аз мавзӯъҳои марбут ба фарҳанги шаҳр ва шаҳрнишинӣ, Борбад, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва анъанаи меросбарии фарҳангӣ, таъсири мутақобилаи Шарқ ва Ғарб дар оинаи таърихи ниёгон, шеър ва мусиқӣ, фарҳанги китоб ва китобороӣ, либос ва либосороӣ, боғ ва боғороӣ, мақоми сухан ва суханвар, ҳикмат ва ҳакимӣ дар мероси фарҳангӣ иборат мебошад.

Мавзӯъҳои баррасишавандаи таърихию назарии бахши чорум-Сомониён-хориқаи беназири таърихӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хориқаи таърихию сиёсӣ, фарҳанговарии Сомониён дар таърихи тамаддуни Шарқу Ғарб, даврабандии илмию консептуалии таърихи сиёсии Сомониён, нақши Сомониён дар тамомияти марзию амнияти Мовароуннаҳру Хуросон ва ғайраҳо мебошад.

Тибқи барномаи симпозиум иштирокдорон операи «Борбад»-ро тамошо карда, аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Осорхонаи миллӣ, Осорхонаи бостонӣ, боғҳои ба номи Куруши Кабир, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, Панҷрӯд ва ғайраҳо боздид менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки 29 октябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии Куруши Кабир таҷлил мегардад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба таври шоиста ва густурда  ҷашн гирифта намешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рӯ, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондӯстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ӯ ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Ҳамин аст, ки 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондӯстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорӣ дида нашуда буд. Ӯ эълон кард, ки «ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод доранд, қабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шарте, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд».

Дар Эъломия дарҷ гардидааст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қонунгузор» меномиданд. Ӯро инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул  ном мебурданд.

Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих эълон карда шудааст. Нусхаи Эъломия ба ҳамаи забонҳои расмии СММ тарҷума ва дар СММ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.