Душанбе пойтахти фарҳангии соли 2021 ИДМ эълон шуд

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар ҷаласаи XXХIV-и худ, ки имрӯз дар  толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид, шаҳри Душанберо пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли  2021  эълон кард.   

Бояд тазаккур дод, ки мақоми «пойтахти фарҳангии ИДМ» ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст.  Мутобиқи ин қарор ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ супориш дода шудааст, ки барои иштироки ҳайатҳои худ дар тадбирҳои вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат намоянд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар  кори  ҷаласа вазирони фарҳанг, муовинони аввал ва муовинони вазирони фарҳанги Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Россия ва намояндагони  ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ Шамсиддин Орумбекзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Шӯрои фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ як  ниҳоди  хеле муътабар аст, ки дар густариши ҳамкории байни мамлакатҳо нақши бузург мебозад.

«Муносибатҳои фарҳангӣ яке аз бузургтарин шакли робитаҳои байни миллатҳо буда, дар бисёр мавридҳо мушкилоти мавҷударо бо ҳамкории фарҳангӣ  баррасӣ мекунанд»,- иброз дошт мавсуф.

Вазири фарҳани Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар оид ба ҳамкории ИДМ дар солҳои 2021-2025 ибрози назар намуда, робитаҳои минбаъдаро дар ин соҳа судманд арзёбӣ намуд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои солонаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар давлатҳои гуногун доир шуда, бори дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ҷаласаи Шӯро бештар аз 16 масъала баррасӣ ва нисбат ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо дар мадди назари иштирокчиёни ҷаласа қарор дошт.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба  натиҷаҳои Соли фарҳанг дар ИДМ,  иштироки мамлакатҳо ва саҳми онҳо дар тарғиби хондани китобу китобдорӣ андешаҳояшонро баён доштанд.

Зикр гардид, ки китоб ва ҳунару санъат сарҳад надошта, китоб дар  фаъолияти миллатҳои тамаддунсозу фарҳангпарвар дар радифи муқаддасоту неъматҳои миллӣ ҷой дорад.

Дар кори ҷаласа ба  соҳаи театр  низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Қарор карда шуд, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ моҳи октябри соли равон бо барномаи фарҳангӣ ба шаҳри Самарқанд сафар намояд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  муваззаф гардид, ки дар  Шӯрои баъдина, ки соли 2020 баргузор мегардад, оид ба омадагӣ ба эълон гардидани Душанбе ҳамчун  пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 маълумот манзур намояд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур ду рӯз идома ёфта, ҳайати меҳмонон аз   маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода боздид менамоянд.

 

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.