“Душанбеву Бишкек 4 санад имзо мекунанд”. Ҷузъиёти созишномаҳо маълум нест

Мақомоти тоҷик ҷузъиёти барномаи сафари Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистонро шарҳ доданд. Содир Ҷабборов рӯзи гузашта бо сафари дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, сафари Содир Ҷабборов соати 8:50-и рӯзи сешанбе бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд. Соати 9 раиси ҷумҳури Қирғизистонро ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар “Қасри Миллат” пешвоз гирифт. Ба иттилои расмӣ, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон 1 соату 40 дақиқа бо ҳам як ба як сӯҳбат мекунанд. Аз соати 11 то 11:50 музокирот бо иштироки ҳайатҳо баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дарёфтии хабарнигори Радиои Озодӣ, феълан имзои 4 созишнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст. Ҷузъиёти созишномаҳо то ҳадди имкон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Рӯзноманигорони қирғиз ҳам мегӯянд, намедонанд, ки санадҳо шомили кадом мавзуъҳо ҳастанд.

Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар бораи натиҷаи музокироташон бо расонаҳо сӯҳбат кунанд. Соати 15 Содир Ҷабборов ба Бишкек-пойтахти Қирғизистон, бармегардад.

Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари кишвари ҳамсоя “бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб” рафтаанд.

Содир Ҷабборовро дар ин сафар вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев, вазири иқтисод Оқилбек Ҷабборов, вазири нақлиёт ва иртиботот Гулмира Абдралиева, вазири ҳолатҳои фавқулодда Бообек Ажикеев, вазири фарҳанг ва иттилоот Кайрат Иманалиев ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин нахустин сафари Содир Ҷабборов ба ҳайси раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон аст, ки дар шароити сардии равобит миёни Душанбе ва Бишкек сурат мегирад.

Сафари нахустини Содир Ҷабборов қарор буд дар нимаи аввали моҳи май сурат гирад. Вале баъди муноқишаи хунин дар охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин сафар ба таъхир афтод. Бишкек ба дунболи ин муноқиша, ки дар он аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд, марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.