Душанбеву Тошканд эҳтимоли боз кардани марзро баррасӣ мекунанд

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ рӯзи сешанбеи 29-уми сентябр ба Душанбе меояд. Дар ҷараёни ин сафар, эҳтимол масъалаи бозкушоии марзҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шавад.

Масъулини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, тибқи барнома Орипов дар ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон ширкат мекунанд.

Ба қавли манбаъ, инчунин нахуствазири Узбекистон корхонаи муштараки “Артел-Авесто”-ро боз мекунад. Ин корхонаи муштараки Узбекистону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бунёд шуда, асосан таҷҳизоти маишӣ тавлид мекунад.

Ду рӯз қабл аз сафари Абдулло Орипов аллакай чанд ҳайати Узбекистон ба Тоҷикистон расиданд. Аз ҷумла Шерзод Шерматов, вазири маорифи Узбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаберо боз кард, ки бо 18 миллион сомонӣ, сармояи Тошканд бунёд шудааст. Инчунин Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Узбекистон низ дар ҳамоиши намояндагон аҳли илму адаби ду кишвар ширкат дошт.

Дар бораи ҷузъиёти бештари сафари ҳайати Узбекистон бо роҳбарии нахуствазир Абдулло Орипов мақомоти ҳарду кишвар шарҳи зиёде намедиҳанд. Аммо як мақоми огоҳ аз ҷузъиёти ин сафар гуфт, боз кардани марз аз мавзуъҳои гуфтугӯи Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов аст. Марзи ду кишвар ба далели паҳншавии вируси корона аз миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба ин тараф баста аст.

Тоҷикистону Узбекистон ду даҳсолаи ахир ва дар замони раёсати Ислом Каримов муносибати чандон хуб надоштанд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 яхи муносибатҳо об шуд ва ҳоло ду ҷониб аз беҳбуди равобит сухан мегӯянд.

Соли 2018 ва пас аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе миёни Тоҷикистону Узбекистон низоми раводид миёни ду кишвар бекор шуда, парвозҳои мустақим оғоз шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.