Дуюмин воксини зидди куруно бо муваффақият аз озмоишгоҳ гузашт. Аз пешина бартарӣ дорад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Воксини зидди вируси куруно, ки аз ҷониби ширкати амрикоии Moderna сохта мешавад, дар давраи сеюми озмоиш 94,5 дарсад таъсиргузор будааст.

  • Тавре сомонаи ин ширкат иттилоъ медиҳад, замони озмоиш аз 95 каси ба COVID-19 гирифтор шуда, 90 кас бо истеъмоли воксин шифо ёфтаанд.
  • Дар давраҳои озмоишӣ ҳамагӣ 30 ҳазор шахси ихтиёрӣ ширкат карданд. Воксин ҳамагӣ дар 5 ҳолат кӯмак накард, вале давраи тестгузаронӣ бо он панҷ нафар низ осон гузашт», -меафзояд, манбаъ.
  • Гуфта мешавад, зимни таҳқиқот маълум гаштааст, ки воксини нав хосияти худро тӯли як моҳ дар яхдонҳои муқарарӣ ва дар ҳарорати хона муддати 12 соат нигоҳ медорад. Дар қиёс ба воксини навъи Pfizer ки чанде пеш аз ҷониби ширкатҳои амрикоиву олмонӣ сохта шуда буд, ин воксин бо хосияти нигоҳдориаш бартарӣ дорад.
  • Дар ним соли охир чандин ширкатҳои дорусозӣ ба истеҳсоли воксини зидди вируси куруно машғуланд. Аз пайдоиши вируси куруно қариб як сол сипарӣ мешавад, ки то ин дам ин беморӣ дар саросари дунё паҳн шудаву беш аз 1,3 миллион одамро ҳалок ва зиёда аз 55 млн касро гирифтор кардааст. Теъдоди шифоёфтагон беш аз 38 млн дониста мешавад. Дар Тоҷикистон низ расман аз охири моҳи апрел гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаву садҳо кас то кунун ҷони худро аз даст додаанд.

 

The post Дуюмин воксини зидди куруно бо муваффақият аз озмоишгоҳ гузашт. Аз пешина бартарӣ дорад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.