Эҳтимолан Лукашенко ба мулоқоти Путин меравад

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус ва президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28-уми май дидору гуфтугӯ барпо мекунанд. Fйни замон, вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо барои баррасии эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои нав болои Беларус дар посух ба фуруд овардани ҳавопаймои тиҷоратӣ ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ ҷамъ мешаванд. Мулоқоти нави Путин ва Лукашенко, ки  чанде пеш ҳам дидор карда буданд, дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомоти беларусӣ рӯзи 23-юми май ҳавопаймои ширкати тиҷоратии Ryanair-ро водор намуданд аз хатсайри Атен-Вилнюс гашта, дар хоки Минск фуруд ояд. Мақомот ҳамон замон журналисти оппозитсионӣ  Раман Пратасевич ва дӯстдухтари руси ӯ София Сапегаро боздошт намуданд.  Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, бовар дорад, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти ду президент баррасӣ мешавад. Вале бо ин вуҷуд, ба таъкиди Песков, тамаркузи асосии сӯҳбатҳо сари масоили иқтисодӣ равона мешавад.

Дар Минск вакили дифои Пратасевич гуфт, ки рӯзи 27-уми май бори аввал тавонист бо зерҳимояаш мулоқот кунад. Ӯ гуфт, ки «ҳолаташ хуб аст, хушбин мебошад», вале ӯ нагуфт, ки журналист дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад ва ҳам аз додани ҷузъиёти дигар худдорӣ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.