Эҳтимоли бозгашти Доналд Трамп бо шабакаи иҷтимоии нав

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Президенти собиқи ИМА ва тоҷир Доналд Трамп  шабакаи иҷтимоии навро фаъол мекунад. 

  • Дар ин бора Ҷейсон Миллер дар Твиттер иттилоъ додааст.
  • Ба гуфтаи ин намояндаи Доналд Трамп дар чанд моҳи оянда ҷаҳон  шоҳиди бозгашти сарвари собиқи ИМА ба шабакаҳои иҷтимоӣ бо платформаи нави шабакавӣ мешавад. Он “ба куллӣ инқилоб хоҳад кард”- таъкид кардааст Миллер. Шабакаи нав чӣ вежагиҳо дораду чаро он инқилобӣ хоҳад буд, ҳанӯз маълум нест.
  • Маврид ба зикр аст, ки аввали моҳи январи соли ҷорӣ  Доналд Трамп дар вокуниш ба масдуд кардани ҳисобаш дар  Twitter дар бораи эҷоди шабакаи иҷтимоии худ эълом карда буд.
  • Ёдовар мешавем, ки ҳисобҳои марбут ба Трампро YouTube, Reddit, Twitch, Facebook ва чандин сервисҳои дигар бо далели  ташвиқи хушунат зимни ҳамоишҳои эътирозӣ  дар ИМА масдуд карданд, ки дар торихи ҷаҳон назир надошт.

The post Эҳтимоли бозгашти Доналд Трамп бо шабакаи иҷтимоии нав appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.