Эҳтимоли ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани Далер Шарифовро баррасӣ доранд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон эҳтимоли аз зиндон ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани хабарнигори тоҷик Далер Шарифовро баррасӣ доранд.

Масъулони Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки хислатномаи рӯзноманигори зиндониро ба Додситонии кул ва Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пешниҳод карданд. Дар маҳбаси сукунатӣ дар муқоиса ба зиндон маҳдудиятҳо камтар аст.

Далер Шарифовро, ки дар расонаҳои гуногун ошкоро сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, моҳи апрели имсол ба як соли зиндон маҳкум карданд ва ҳоло ӯ дар маҳбаси ноҳияи Ёвон аст. Қаблан волидонаш гуфта буданд, ки вазъи саломати ӯ хуб нест ва илова ба ин дар маҳбас “як навъ фишорро эҳсос мекунад”.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо ба додситонӣ ва додгоҳ ба таври хаттӣ пешниҳод кардем, ки Далер Шарифов дар ин муддат дар муассисаи ислоҳӣ ба ҳеч амали номатлуб даст назадааст ва рафтори муносиб дошта, аз кирдори худ пушаймон аст.”

Умаров афзуд, тасмими ниҳоӣ дар мавриди ба маҳбаси сукунатӣ гузарондан ва ё шартан аз зиндон раҳо кардани Далер Шарифов дар ихтиёри додситонӣ ва додгоҳ аст. “Имкон дорад, ин масъала то даҳ рӯзи дигар рӯшан шавад”, — афзуд ӯ.

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта пеш аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ ба дархосташон дар бораи ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани Далер Шарифов посух гирифтаанд. Дар он посух гуфтаанд, ки тасмимро масъулонпи муассисаи ислоҳӣ мегиранд.

Вай гуфт, ҳоло бинобар хатари коронавирус мулоқоти рӯ ба рӯ бо Далер Шарифов сурат намегирад, вале барояш хӯрок мебаранд ва телефонӣ тамос доранд.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, хабарнигор аз соли 2013 то соли 2019 “200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд” ва “ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд”. Худи Далер гуфтааст, ки иттиҳомот асосе надоранд. Ба қавли падараш ӯ, дар сӯҳбатҳои ахир танҳо гуфтааст, “қисман иштибоҳ кард” ва дар як таҳқиқаш аз китобе иқтибос овард, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, аммо маълум нест ин нуктаро таҳти чӣ шароите баён кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш мегӯянд, Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро “сокит кунанд” ва ба дигарон “ҳушдор бидиҳанд”.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад.

Як созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии “Сафина” ва ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.