Экзит-поли интихоботи Исроил: касе пирӯзии қотеъ ба даст наовард

Натиҷаҳои пурсиши баъдиинтихоботӣ ё экзит-пол дар интихоботи парлумонии 23-юми марти Исроил мегӯяд, ҳеҷ як ҳизб натавонист пирӯзии қотеъро ба даст оварад. Дар Исроил, ки бӯҳрони сиёсиро пуштисар мекунад, рӯзи сешанбе дар ду соли охир бори чорум интихоботи парлумонӣ баргузор шуд.  Се экзит-поли барпошуда аз ҷониби телевизионҳои марказии маҳаллӣ мегӯяд, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири амалкунанда ва муттафиқони ӯ аз нирӯҳои мазҳабу миллатгаро 53-54 курсиро бурдаанд.

Кнессет ё парлумони Исроил аз 120 курсӣ иборат аст ва Нетяняҳу бо 12 соли собиқаи корӣ дар мақоми нахуствазирӣ мехоҳад ин навбат ҳам пирӯз шавад. Рақибони ӯ эҳтимолан 59 курсӣ ва ҳизби “Ямина” 7-8 курсиро ба даст меоранд. Агар ин натиҷаҳо тасдиқ шуданд, Нетаняҳу ва рақибонаш бояд дили Нафтали Бенетт, раиси ҳизби “Ямина”-ро  ба даст оваранд, то ки дар ташкили ҳукумати эътилофӣ кӯмакашон кунад.  Бенетт ишора кардааст, ки барои музокира бо рақибонаш омода мебошад. Се интихоботи аз ин пеши Исроил ҳам бо натиҷаҳои печидаву норӯшан анҷом ёфта  Нетаняҳу ҳар дафъа барои ташкили эътилоф бо дигар ҳизбҳо ба гуфтугӯ нишастааст. Худи ӯ рӯзи 23-юми март гуфт: “Давлат ба як ҳукумати босубот ниёз дорад, на ба ҳукумати пораву қисмшуда, ки бар асоси нафрату ғаразҳои шахсӣ сохта шуда бошад – ба як ҳукумати босубот барои давлати Исроил ниёз дорад”.

Интихоботи ахир ду ҳафта пеш аз мурофиаи додгоҳии худи Нетаняҳу баргузор мешавад, ки дар фасод ва порагирӣ гумонбар шудааст, вале худи ӯ инро рад мекунад. Эҳтимол дорад, ки ин вазъият ҳам дар ниҳоят боиси даъват ба интихоботи панҷум шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.