Эълони ҳукми собиқ додситони кул ва раиси Хадамоти амнияти Узбекистон

Дар Додгоҳи низомии Узбекистон 25-уми феврал баррасии парвандаи додситони кулли пешин Отабек Муродов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев ва муовини ӯ Ҷаҳонгир Эгамов ба поён расид.

Мурофиаҳои мақомҳои баландпояи давлатии Узбекистон пушти дарҳои баста баргузор мешуд. Додгоҳ ин се мансабдорро дар “ришвагирӣ” ва бар асоси бандҳое айбдор донистааст, ки ифшо намешаванд.

Отабек Муродов бо назардошти иштироки фаъолаш дар рафти ошкорсозии ҷиноятҳо 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда, Ихтиёр Абдуллоев ва Ҷаҳонгир Эгамов 19-солӣ зиндонӣ гаштаанд. Онҳо ҳамчунин аз ишғоли мансаби давлатӣ маҳрум карда шуданд.

Ин нахустин ҳукми додгоҳ зидди Абдуллоев ва Эгамов нест. Додгоҳи низомии узбекистон 27-уми сентябри соли 2019 Абдуллоевро 18 сол ва Эгамовро 16 сол зиндонӣ карда буд.

Отабек Муродови 45-сола ба ҷои Ихтиёр Абдуллоев додситони кулли узбекистон таъйин шуд. Абдуллоев 31 январи соли 2019 аз мақоми додситонии кул барканор ва раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон таъйин гашт. Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев се додситони кулли Узбекистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.