Эълони исми ду ҳуқуқшиноси ҳомии Трамп дар муҳокимаи импичменти Сенат

Собиқ президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки як тими нави ҳуқуқшиносонаш аз дар мурофиаи импичменти Сенат аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят мекунад. Эълони Трамп 31-уми январ  ва дар соатҳое садо дод, ки  фурсат барои эълони намояндаи ӯ дар ин мурофиа ба охир мерасид. Баъди он ки панҷ ҳуқуқшиноси пешини Трамп бо сабаби ихтилоф дар стратегия аз ҳимояти ӯ даст кашиданд, ду ҳуқуқшинос – Девид Шон, як мушовири ҳуқуқии телевизионӣ ва Брюс Кастор, собиқ додситони ноҳиявӣ дар Пенсилвания шоми 31-уми январ барои намояндагӣ аз президенти собиқ изҳори омодагӣ карданд.

Трамп аз Девид Шон ва Брюс Кастор ба ҳайси “ҳуқуқшиносони фавқулодда мӯҳтарам” ситоиш кард ва гуфт, онҳо дар умури қонунҳои ҷиноӣ ва дифоӣ таҷрибаи ғанӣ доранд”. Мурофиаи импичменти Трамп 9-уми феврал шурӯъ мешавад ва як рӯз пеш аз он қарор аст муҳокимаи муқаддамотӣ баргузор шавад.

Кастор барои он мавриди интиқод аст, ки ба ҳунарпешаи гумонбар дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ  Билл Косбӣ айб эълон накард ва Шон аз як муттафиқи дигари Трамп бо номи Роҷер Стоун намояндагӣ карда гуфтааст, ки пеш аз худкушӣ кардани сармоягузор Ҷефри Эпштейни гумонбар дар қочоқи духтарони ноболиғ ба бозори фаҳшо дар соли 2019 мехост ба тими ҳомиёни ҳуқуқи ӯ шомил шавад.

Ҳардуи ин ҳуқуқшинос гуфтанд, ки аз пешниҳоди кори Трамп ифтихорманданд.

Доналд Трамп дар “таҳрики ошӯб” дар таърихи 6-уми январи соли ҷорӣ айбдор мешавад, вақте издиҳоми пурхушунати тарафдоронаш ба бинои Капитол ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса  панҷ нафар, аз ҷумла, як ходими полис даргузашт.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.