Эълони мотами миллӣ пас аз ҳамлаи даҳшатафканон ба Донишгоҳи озоди Кобул

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Имрӯз, 3 юми нобяр дар Афгонистон рӯи мотами миллӣ эълон шуд. 19 нафар шаҳидони  амали даҳшатафканӣ дар Донишгоҳи озоди Кобулро ба хок месупоранд. 

  • Тавре дирӯз расонаҳо иттилоъ дода буданд, 2 ноябр тақрибан соати 12:00 ба вақти Кобул  се ҷангҷӯи мусаллаҳ ба  шаҳраки Донишгоҳи озод дар пойтахти Афғонистон, ки дар он беш аз 17 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд,  ворид шуда, оташ кушоданд.  Бар асари ин ҳамлаи мусаллаҳона ҳадди аққал 19 нафар кушта ва 22 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
  • Ин ҳамларо се ҷангҷӯи мусаллаҳ анҷом додаанд. Онҳо аз қисми шарқӣ ба қаламрави Донишгоҳ, ки дар он ҷо намоишгоҳи китобҳои эрониву афғонӣ баргузор мешуд ва чанд нафар шахсони олиқадр, аз ҷумла сафири Эрон дар Афғонистон ширкат меварзид, ворид шуданд.
  •  Ин ҳамоишро Ноиби аввали Раисҷумҳури кишвар Амруллоҳ Солеҳ ифтитоҳ мекард, ки борҳо мавриди сӯиқасд қарор гирифтааст. Ба ҷони ӯ  ва дигар шахсиятҳои баландмақом осебе нарасид.
  • Тирандозӣ байни ҳамлагарон ва қисми  низомии мунтахаби Афғонистон беш аз  шаш соат идома ёфт, ки дар натиҷа ҳар се ҷангӣ кушта шуданд.Толибон изҳор намуданд, ки онҳо дар ин ҳамла даст надоранд.
  • Пас аз чанд соат, созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” хабар дод, ки ҳамлаи террористӣ дар  шаҳраки Донишгоҳи озоди Кобулро аъзои ин гурӯҳ анҷом доданд. Аммо ҳич далели ширкати худро алҳол пешниҳод накардаанд.
  • Ҳукумати Афғонистон 3 ноябрро  рӯзи мотам эълон кард. “Мо ба ҳама гурӯҳҳои даҳшатафкан, аз ҷумла Толибон ҳушдор медиҳем, , ки чунин амалҳои ҷинояткорона  ва ваҳшоният ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба азми халқи бузурги афғон барои бунёди  сулҳу субот ва шукуфоӣ халал расонанд” гуфт раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ.
    Аксарияти кишварҳои ҷаҳон, бо шмули Тоҷикистон ба мардуми азияткашидаи Афғонистони ҳамсоя ҳамдардӣ баён карданд.

The post Эълони мотами миллӣ пас аз ҳамлаи даҳшатафканон ба Донишгоҳи озоди Кобул appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.