Эмкуниҳо дар ИМА ва Аврупо ва нигарониҳо аз вируси омехташуда дар Бритониё

Рӯзи 22 декабр дар ИМА нахустин намунаҳои воксинаи Moderna ба кормандони тиб дода мешавад. Эмкунии воксинаи навро баъди як ҳафта пеш шурӯъ шудани эмкунии воксинаи навъи Pfizer-BioNTech оғоз карданд. Шурӯи эмкунӣ агар аз сӯе оҳи сабуке аз таҳдидҳои афзояндаи коронавируси нав бошад, аз тарафи дигар, ҳамоно аз назари  дастрас шуданаш ба ҳамагон дар моҳҳои наздик зери суол аст. Дар Амрико ба ҳисоби миёна дар як ҳафтаи гузашта ҳамарӯза 210 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда шуда, ҳоло 115 ҳазор нафар дар беморхонаҳо боқӣ мемонанд. Рӯзе ҳудудан 2600 нафар ҷон медиҳанд.  Дар Аврупо ҳам мақомот барои шурӯи маъракаи эмкунӣ бар зидди COVID-19 тайёрӣ мебинанд, чун мақомоти марбута барои тасдиқи воксинаи ширкатҳои Pfizer-BioNTech омода мешаванд. Баъди тасдиқи ин воксина, моҳи январ навбати  Moderna фаро мерасад. Дар ин кишварҳо ҳам, тавре Бритониё кард, дар навбати аввал гурӯҳҳои осебпазир аввал шуда ба воксина дастрасӣ пайдо мекунанд.  

Дар ҳоле, ки шурӯи маъракаи эмкунӣ умедвориҳоро дар заминаи муқобила бо COVID-19 афзоиш додааст, ошкор шудани шакли бисёр сирояткунандаи  COVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кард. Беш аз 20 давлат дар як рӯз қарор карданд, ки парвозҳо бо Бритониёро бозмедоранд.

Патрик Валланс, мушовири калони илмии ҳукумати Бритониё дар нишасти хабарии Лондон рӯзи 21 декабр гуфт, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии шакли нави вирус маҳдудиятҳо бояд шадидтар шаванд:

“Шаҳодати вируси омехташуда чунин аст: баосонӣ паҳн мешавад, хеле осон сироят мекунад. Мо бояд тамоми маҳдудиятҳоро ба сатҳи дуруст бардорем”.

Вале то ҳанӯз ҳеҷ далеле нест, ки шакли нави омехташудаи COVID-19 марговартар аст ё на.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.