Эмомалӣ Раҳмон аз музокироти сулҳ дар Афғонистон пуштибонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон гуфтааст, ки тарафдори музокироти сулҳ бо Толибон аст.

Залмай Халилзод рӯзи 3-уми октябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

Ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон суҳбат кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хати марзи муштарак дорад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “Тоҷикистон мавқеи ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд”.

Гурӯҳи Толибон, ки солҳо бо ҳукумати Афғонистон вориди ҷанг ҳастанд, чанд моҳ боз барои музокироти сулҳ бо давлат розӣ шудаанд. Музокирот дар Қатар идома дорад.

Толибон дар Доҳаи Қатар дафтари корӣ доранд. То ҳанӯз ҷонибҳо сари имзои созишнома ба мувофиқа нарасидаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.