Эмомалӣ Раҳмон ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рафт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 16-уми июл ба ду ноҳияи марзии Тоҷикистон ҳамсарҳад бо Афғонистон рафт ва бо марзбонон мулоқот кард. Боздиди президенти Тоҷикистон аз ноҳияҳои марзии Панҷ ва Ҳамадонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи ду моҳи ахир гурӯҳи Толибон аксари минтақаҳои Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба тасарруфи худ дароварданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони қисмаҳои марзбонӣ мулоқот намуда, бо имкону тавоноиҳои онҳо шинос шудааст. Оқои Раҳмон ҳамчунин бо сарбозону нерӯҳои захиравии ҳатти дифои вилояти Хатлон мулоқот кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарбозону афсарон вазъи ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Бадахшону Тахор ва Кундузи Балхро “мураккаб” хондааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳимояти сарҳади Тоҷикистон барои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди Аврупо аҳамияти вижа дорад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш дода буд, ки 20 ҳазор нафар афсарони эҳтиётӣ ба марзи ин кишвар бо Афғонистон фиристода шаванд.

Дар ду моҳи ахир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи ахир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол дорад, ки паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд.

Дар гузашта ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кӯмакҳоро идома хоҳанд дод.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.