Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт ва аз Ворух ҳам дидан мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар дод.

Ҳадаф аз ин сафари оқои Раҳмон, “ширкат дар тантанаҳои ҷашни Навруз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи иншоотҳои гуногун”, гуфта шудааст.

Қарор аст ин сафар то рӯзи 10-уми апрел идома кунад ва интизор меравад президент аз ҷамоати Ворухи Исфара ҳам дидан кунад.

Сафари раисиҷумҳур дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи Ворух, бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд.

Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд.

Аммо баъзе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин хабар вокуниш карда гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд. Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.

Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.