Эмомалӣ Раҳмон ба Убайдуллоев нишони Ситораи Президент дараҷаи як дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори пешини шаҳри Душанбе бо нишони Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1 қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора рӯзи 28-уми август дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Нишони Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1 баландтарин мукофоти давлатӣ дар Тоҷикистон баъд аз унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз соли 1996 то январи соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2000 то 2020 раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Убайдуллоевро дар ин ду мақом Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон иваз кард.

Аз Убайдуллоев ба унвони яке аз раҳбарони бонуфузи сиёсии Тоҷикистон ном бурда мешавад, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он вазифаҳои калидиро дар даст дошт.

Раҳмон соли 1994 ба мақоми президентӣ интихоб ва Убайдуллоев муовини аввали нахуствазир таъйин шуд. Убайдуллоев аз соли 1994 то 1997 дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар музокирот бо Иттиҳодияи мухолифини тоҷик, барои расидан ба сулҳ иштирок мекард.

Убайдуллоев ҳамчун як шахси сахтгир шинохта шудааст. Ӯ барои навсозии шаҳр талошҳои зиёд ба харҷ дод. Роҳандозии Генплан ё тарҳи симои нави шаҳри Душанбе дар давоми тахминан 10 соли охир шояд дар зеҳни бисёриҳо ҳамчун мероси аслии Убайдуллоев нақш мебандад ва ин тарҳ ҳам дар баробари тарафдор, мухолифу мунаққиди зиёд ҳам дорад.

Яке аз танқидҳои солҳои охир ба тахриби сохтмонҳои таърихии солҳои 1930-40-и ташаккулёбии пойтахти Тоҷикистон марбут аст. Алорағми интиқоду даъватҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои худдорӣ аз тахриби онҳо, барнома аз рӯи амри шаҳрдори вақт иҷро шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.