Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара сафар мекунад. Ин сафар дар пайи он сурат мегирад, ки изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон дар дохили Тоҷикистон ба вокунишҳои тунде рубарӯ шудааст. Тошиев ҳафтаи гузашта гуфт, онҳо ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки Ворухро ба Қирғизистон дода, дар иваз аз дигар минтақа 12 ҳазор гектар замин замин бигирад.

 

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 31-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара, аз ҷумла ҷамоати Ворух сафар мекунад. Сухангӯи президент афзуд, сана ва барномаи сафар ҳанӯз дақиқ нест.

 

Тибқи иттилои дарёфтӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух рӯзи 4-уми апрел сурат мегирад. Аллакай Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Ворух рафтааст.

 

Номи Ворух як ҳафтаи ахир дар сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад. Ин баҳс пас аз як нишасти хабарии Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар рӯзи 26-уми март сар шуд.

 

Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, дар он нишаст гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд.

 

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд. Аммо садҳо нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин хабар вокуниш карда гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд.

Ахиран чанд нафар аз роҳбарони ноҳияҳо ба Ворух рафтанд ва расонаҳои давлатӣ инро ҳамчун дастгирӣ аз мардуми Ворух арзёбӣ карданд.

 

Ҷамоати Ворух дар ноҳияи Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад.

 

Матн такмил мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.