Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар гашти нозмии Иди ғалаба ба Маскав меравад

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май барои ширкат дар гашти низомии Иди ғалаба ба Маскав меравад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 5-май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон пас аз ширкат дар чорабинӣ дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт, озими Маскав мешавад.

Ба гуфтаи Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи гашти низомӣ ба муносибати Иди ғалаба бар фошизм 9-уми май бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия дидор ва мулоқот намуда, мавзӯи муноқишаҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфараву Бодкандро баррасӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд Тоҷикистону Қириғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ ҳастанд, аз ин рӯ ин мавзӯъ дар ин мулоқот баррасӣ хоҳад шуд. Қаблан Владимир Путин барои миёнравӣ дар ҳалли муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози омодагӣ карда буд.

Ҷанҷолу сангандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 29-уми апрел боиси муноқишаи хунин шуд, бинобар насби камераи назоратӣ дар Маркази тақсими об сурат гирифт, ки барои обёрии киштзорҳои ду тарафи марз дар замони Шӯравӣ сохта шудааст. Ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурдаанд. Радиои Озодӣ мустақилона исми 20 қурбониии муноқишаро дақиқ кард, ки 10 нафарашон низомиёни мебошанд. Теъдоди маҷруҳон 88 кас гуфта мешавад. 

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар муноқишаи ахири марзӣ 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳарду кишвар якдигарро ба шурӯи ҷанг ва хисороту талафоти зиёд аз он айбдор мекунанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.