Эмомалӣ Раҳмон дар СММ: “Мо ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунем”

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунанд, вале дар ин кишвар барои ҳали танишҳо бояд ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақалиятҳои милливу қавмӣ ташкил шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 24-уми сентябр ба таври онлайнӣ ё маҷозӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ мекард, бори дигар аз таҳаввулоти ахир дар Афғонистон нигаронӣ кард ва онро “таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа” хонд.

Меҳвари суханронии оқои Раҳмон дар СММ, таҳаввулоти ахири Афғонистон буд ва ӯ гуфт, Тоҷикистон бо ин кишвар садҳо километр марзи муштарак дорад ва вазъи пешомада Душанберо бетараф гузошта наметавонад. Ӯ Толибонро ба иҷро накардани ваъдаҳояшон дар заминаи ташкили ҳукумати фарогир муттаҳам кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин суханронии худ ҳамчунин ба созмонҳои ҳуқуқи башар тохт ва аз хомӯшии онҳо дар “баробари поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму милатҳои Афғонистон”, интиқод кард.

Ӯ аз ҷумла, ба ҳодисаҳои ахир дар Панҷшер ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, Толибон даст ба қатлҳо зада, мардумро аз дастрасӣ ба маводи хурокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалия маҳрум кардаанд.

Ӯ вазъи ба миён омадаро боиси бештар шудани рӯёрӯиҳои қавмӣ ва этникӣ дар Афғонистон донист ва гуфтугӯҳои фарогир бо ширкати ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро аз шартҳои асосии субот дар ин кишвар хонд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки “тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.