Эмомалӣ Раҳмон гуфт, артиши Тоҷикистон “ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя” истифода намешавад

Субҳи панҷшанбе бо садо додани бонги хатар, дар саросари Тоҷикистон санҷиши омодагии ҷангии артиш оғоз шуд. Мақомот мегӯянд, дар таърихи давлати Тоҷикистон бори аввал аст, ки дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳо ё нерӯҳои эҳтиётӣ, таҳти унвони “Марз-2021”, баргузор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи имруз ба Гвардияи миллӣ рафт ва дар маросими гузашти низомӣ ширкат кард.

Бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Тоҷикистон, ин санҷиш бо “бонги хатар” дар маҳалҳои муайяншуда доир шуд ва дар он 100 ҳазор нерӯҳои интизомӣ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони захиравӣ ширкат карданд. Расонаҳои давлатӣ ҳамчунин навиштанд, ки 20 ҳазор нафар сарбозу афсари ҳайати захиравӣ барои “пурра гардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон”, ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон фиристода шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл дар Гвардияи миллӣ ба вазъи Афғонистон бо ишора ба вазъи Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ба сарнавишти ин ҳамсоякишвараш бетафовут нест. Вале оқои Раҳмон афзуд, Тоҷикистон артиши худро “ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя” истифода намебарад.

Артиши Тоҷикистон дар шароите омодагии ҷангии худро месанҷад, ки нигарониҳо аз вазъияти марзи Афғонистон рӯз ба рӯз бештар мешавад. Бахусус баъд аз онки гуруҳи Толибон аксар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш дода буд, ки 20 ҳазор афсари эҳтиётӣ ба марзи ин кишвар бо Афғонистон фиристода шаванд.

Санҷиши омодагиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳамакнун Русияву Узбекистон ва Тоҷикистон ба як тамрини дигар дар марз бо Афғонистон омодагӣ мебинанд.

Ин тамрин дар оғози моҳи оянда баргузор мешавад ва Маскав танку техникаи низомияшро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бурдааст. Танкҳоро аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба размоишгоҳи “Ҳарб Майдон”, воқеъ дар 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон, бурдаанд.

Округи марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки пойгоҳи низомии 201-умро раҳбарӣ мекунад, 20-уми июл иброз дошт, ки размоиши “Ҳарб Майдон” бо иштироки низомиёни Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон аз 5-ум то 10-уми август баргузор мешавад. Бар илова, фармондеҳони рус таъкид карданд, ки дар наздикиҳои шаҳри Тирмиз, воқеъ дар марзи Узбекистон бо Афғонистон, аз 30-юми июл то 10-уми август тамрини муштараки низомиёни Русия ва Узбекистон барпо хоҳад шуд.

Дар ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи ахир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол дорад, ки паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд. Дар гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кӯмакҳоро идома хоҳанд дод.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.