Эмомалӣ Раҳмон пас аз хабарҳои “вазъи саломатии ӯ” бо сафари корӣ ба Хатлон рафт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми март бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафтааст. Мақомот ҳадаф аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмонро “шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи ҷашни истиқлол ва ошноӣ бо вазъи мардум”, гуфтанд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали рӯз дар маросимҳои ифтитоҳи Коллеҷи тиббии инноватсионӣ, Корхонаи истеҳсоли шифер ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроби ширкати “Сомони Расул” дар шаҳри Бохтар, иштирок кардааст.

Тибқи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар аз бархе ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон боздид намояд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон дар пасманзари хабарҳо дар бораи “вазъи саломатӣ”-и ӯ сурат мегирад. Бархилофи хабари расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба вилояти Хатлон сафар накард.

Баргузор нашудани сафари президенти Тоҷикистон дар рӯзи эълоншудаи 22-юми март таваҷҷуҳро ба хабарҳои “Твиттер” ва як сомонаи англисизабон ҷалб карданд, ки гуфтаанд, президент Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми март ба ин сӯ дар маҳзари ом дида нашудааст ва вазифаҳои ӯро писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Аз ҷумла сомонаи bne.intellinews навишт, дар ҷомеа намоён набудани Эмомалӣ Раҳмон “овозаҳои гурезнопазиреро дар бораи саломатии раҳбари 68-сола ба миён овардааст”. Аз сӯйи дигар муҳаррири бахши Осиёи Марказӣ дар сомонаи Eurasianet Питер Леонард рӯзи 18-уми март дар Twitter навишт, аз 5-уми март ба ин сӯ Хадамоти матбуотии Раҳмон аксҳои нави ӯро мунташир накардааст.

Аммо сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, саломатии президент Раҳмон хуб аст ва ҳамаи аксҳои нашркардаи хадамот наванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф идораи Тоҷикистонро дар даст дорад ва барои тамдиди қудрати худ борҳо Конститутсияи Тоҷикистонро иваз кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.