Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мулоқоти 2,5-соата чӣ гуфтанд?

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, ҳайати кишвараш дар даври дуввуми гуфтугӯҳо бо гуруҳи Толибон ба ҳифзи дастовардҳои кишвар дар 19 соли ахир пойфишорӣ мекунад. Дар пайи оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо гуруҳи Толибон бисёре аз доираҳо аз ҳайати Афғонистон талаб карданд, ки дар масъалаи ҳуқуқи занон ва ҳаққи онҳо ба таҳсил набояд гузашт кунанд. 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр зимни сафараш ба Душанбе гуфт, дар даври дуввуми музокирот аз ду хостаи бисёр возеҳи Афғонистон-расидан ба сулҳи боиззат ва ҳифзи дастовардҳо ва ҳуқуқи ҳама мардуми Афғонистон ҳимоя хоҳанд кард. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад гуфт, бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон давоми 2,5 соат асосан дар масъалаи сулҳу мусолиҳа гуфтугӯ кардаанд.  

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 21-уми декабр дар раъси як ҳайати баландпоя ба Душанбе — пойтахти Тоҷикистон сафар кард. Ӯро дар ин сафар шуморе аз вакилони Луи ҷиргаи Афғонистон намояндагӣ мекарданд. Раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ду рӯз бо Раиси Маҷлиси намояндагон, Вазири корҳои хориҷӣ, Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор дошт.   

Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки  талошҳо барои даст ёфтани созиши сулҳ ва поёни ҷанги чиҳилсола дар Афғонистон, дар ин авохир афзоиш ёфтааст.  

Душанбеи расмӣ ҳамвора гуфтааст, ки аз талошҳои ҳукумати Кобул дар таъмини амният ва сулҳ ҷонибдор мекунанд ва низ аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ истиқбол менамояд.  

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Таҳдид аз марзҳои ҷанубӣ ва таҷаммуи ҷангиён дар шимоли Афғонистон, ки гуфта мешавад миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, ҳамвора аз нигарониҳои мақомоти тоҷик будааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.