Эмомалӣ Раҳмон ва вазири Эрон ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ кардаанд

Президенти Тоҷикистон бо вазири умури дохилаи Эрон ҳамкории амниятии ду кишварро баррасӣ карданд. Вебсайти президенти Тоҷикистон бо пахши ин хабар рӯзи 23-уми феврал гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши амниятро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор зарурати татбиқи санади амниятӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидааст аз ҷониби президенти кишвар таъкид шудааст. То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 160 санад аз ҷумла дар бахши амният ба имзо расидааст.

Вазири умури дохилии Эрон, рӯзи душанбеи 22- юми феврал бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода, ба Тоҷикистон омад. Тибқи иттилои расонаҳои расмии Эрон, сафари дурӯзаи ҷаноби Фазлӣ ба Тоҷикистон ба ҳадафи рушди муносибатҳои ду кишвар анҷом мешавад.

Эрон ва Тоҷикистон то кунун 13 нишасти Комиссияи муштараки байни ду кишварро баргузор кардаанд. Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудааст. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон бинобар кудетои нофармҷоми генерал Абдуҳалим Назарзода сард шуд.

Душанбеи расмӣ ғайримустақим ишора кард, ки мақомоти Эрон дар ташкили ин шӯриш кумак кардаанд. Пас аз ин робитаҳои ду кишвар хеле тира шуд, аммо тайи се соли ахир равуои мақомоти расмӣ дубора шурӯъ шуда, аз нармиш дар равобити ду кишвар аломат медиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.