Энтони Блинкен бо шарикони Амрико вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи чоршанбеи 8-уми август дар Олмон бо ҳампаймонҳои кишвараш дар бораи вазъи Афғонистон гуфтугӯҳо анҷом медиҳад. Вазири корҳои хориҷии Амрико аз ҷумла бо ҳамтои олмониаш Ҳайко Маас мулоқот менамояд. Толибон як руз қабл кобинаи худро эълон карданд.

Оқои Блинкен аз Қатар — ҷое, ки бузургтарин нуқтаи интиқоли шаҳрвандони амрикоӣ ва афғон дар ҷараёни берун кардан мардум аз фурудгоҳи Кобул ба шумор мерафт, ба Олмон парвоз кард. Қарор аст ӯ дар нишасти онлайнӣ ё маҷозии вазирони хориҷӣ ва мақомҳои кишварҳои “Гурӯҳи 20”, иштирок кунад. Ин нишаст вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки имруз, 8-уми сентябр бо мизбонии Покистон суҳбати маҷозии вазирони корҳои хориҷии Чин, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад.

Толибон рузи гузашта ҳукумати худро эълон карданд. Шуморе аз аъзои кобинаи ҳукумати Толибон дар “рӯйхати сиёҳ”-и Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Аз ҷумла, сарпарасти Вазорати дохилии Афғонистон дар ҳукумати эълонкардаи Толибон Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз сӯи  FBI мавриди ҷустуҷу қарор дорад.

Эълони ҳукумати Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки шаҳрҳои калони Афғонистон рузҳои гузашта шоҳиди тазоҳуроти зиддипокистонӣ ва зидди Толибон буданд. Дар чанд ҳолат ҷангҷӯёни Толибон зидди занони эътирозгар аз гази ашковар истифода карданд ва ба ҳаво тир холӣ намуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.