Энтони Блинкен дар Ҷопон аз ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ мегӯяд

Энтони Блинкен дар нахустин сафари хориҷиаш дар мақоми Котиби давлатии ИМА ба равобити иқтисодиву амниятии  амиқтару қавитар бо Ҷопон даъват кард. Дар сафар ба Осиё, ки дар пасманзари афзоиши тақозоҳои Чин баргузор  мешавад,  ӯро вазири дифоъ Ллойд Остин ҳам ҳамроҳӣ мекунад. Баъди як ҳамоиши маҷозии ҳафтаи гузашта бо иштироки мақомоти ИМА, Ҷопон, Австралия ва Ҳинд, ки бо номи эътилофи “Чаҳоргона” маъруф аст, ин аввалин бор аст, ки мақомоти баландпояи ҳукумати кунунии Амрико ба сафари Токио ва Сеул рафтанд. Дар миёни масоили мавриди баррасӣ озодии ҳаракат дар обҳои Баҳри Ҷанубӣ ва Шарқии Чин, амният дар минтақа, барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва ҳам кудатои низомӣ дар Мянмар мебошанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.