Эрдуғон дар бораи таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон: “Бархӯрди ду миллати бародар моро ғамгин кард”

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба ҳалли мусолиматомези таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод, ки бар асари онҳо аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 9-уми июн дар Анқара дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои қирғизи худ Ҷаббор Содиров, ба таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ ишора кард.

Оқои Эрдуғон афзуд, “ин бархӯрди ду миллати бародар моро ғамгин ва нороҳат кард. Ман аз ин фурсат истифода бурда, ба хонаводаҳои қурбониён тасаллият мегӯям. Мо истиқбол мекунем, ки ҳар ду ҷумҳурӣ дар ҳалли масъала хештандорӣ нишон доданд. Мо умедворем, ки ҳар ду кишвар минбаъд масъалаҳои баҳсбарангезро бо роҳи осоишта ҳал хоҳанд кард”.

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар мулоқоти Ҷаббор Содиров бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дурнамои ҳамкориҳои Туркия ва Қирғизистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, низомӣ-техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудааст. Содир Ҷабборов аз ширкатҳои ҳавопаймоии туркӣ даъват кард, ки аз фурудгоҳи “Манас” ҳамчун маркази логистикӣ дар Осиё истифода кунанд.

Президенти Қирғизистон рӯзи 9-уми июн ба Туркия сафар кард ва то 12-уми июн онҷо мемонад. Ин нахустин сафари Ҷабборов ба Туркия пас аз интихоб шуданаш ба мақоми президент мебошад. Ӯ нахустин сафарашро дар ин мақом ба Русия анҷом дода буд. Ӯ баъдан ба Узбекистону Қазоқистон сафар кард.

Дар як моҳи гузашта пас аз танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуморе аз кишварҳо аз Душанбеву Бишкек хостанд, ки бо роҳи гуфтугӯ ба танишҳо поён диҳанд.

Аз ҷумла, Вазоратҳои корҳои хориҷии Эрон, Афғонистон ва Покистон аз сар задани ин даргирӣ нигаронӣ карда ва хостори ҳалли мусолиматомези танишҳо шуда буданд. Қазоқистону Узбекистон қаблан аз омодагии худ барои миёнҷигарӣ ҷиҳати коҳиши танишҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода буданд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен ҳам дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин аз кӯшишҳо барои кам кардани таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва идомаи музокирот барои нишонагузории марз ситоиш кардааст.

Ахиран гурӯҳи Толибон, ки худ даргири ҷангҳои хунин бо нерӯҳои давлатии афғон аст, аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ки мушкилашонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.