Эрдуғон гуфт, Арманистон бояд “фавран” Қарабоғро тарк кунад

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон 28 сентябр аз Арманистон талаб кард, ки “заминҳои ишғолкардаи Озарбойҷонро фавран тарк кунад”. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин амал роҳро ба сӯи сулҳу субот дар минтақа боз мекунад.

“Замони ҳалли буҳрони минтақа, ки бо ишғол шудани Қарабоғи Куҳӣ аз сӯи Арманистон оғоз шуд, фаро расидааст. Сабри Озарбойҷон низ лабрез шуда, Боку бо нерӯи худ ба ишғоли арманӣ нуқта мегузорад”, – иқтибос овардааст хабаргузории расмии Туркия — “Anadolu” аз сӯханҳои Раҷаб Эрдуғон.

Вай афзуд, ки “Туркия дастгирии Озарбойҷони дӯсту бародарро идома медиҳад”.

Пештар Вазорати умури хориҷӣ ва президенти Арманистон низ гуфтанд, ки Туркия дар баробари фишори дипломативу “таблиғотӣ” дар низои Қарабоғи Куҳӣ ба Озарбойҷон кӯмаки низомӣ мерасонад.

“Узви НАТО — Туркия ба Озарбойҷон тавассути дронҳо, ҳамлаҳои киберӣ, мушовирон, зархаридон ва ҳатто зарбазанҳои F-16 кӯмак мекунад”, – изҳор дошт президенти Арманистон Армен Саркисян дар конфронси онлайнии форуми Cybersec 2020, ки дар шарикӣ бо НАТО баргузор мешавад.

Раҳбари Қарабоғи Куҳии ҷудоиталаб Араик Арутюнян низ дар бораи ҷалб шудани Туркия ба низои минтақа хабар дода буд.

Арманистон баъди изҳороти Арутюнян Туркияро ба он айбдор кард, ки “ҳудуди 4 ҳазор ҷангиро аз ноҳияҳои шимолии Сурия ба Озарбойҷон интиқол додааст”. Мақомоти турк ин хабарро тасдиқ накарданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, мақомоти Қаробоғи Куҳӣ рӯзи якшанбе эълом карданд, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакборони Озарбойҷон, 16 хизматчии ҳарбӣ кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Озарбойҷон ҳам мегӯяд, ки бар асари ҳамлаҳои ҷониби Арманистон панҷ узви як хонавода ҷон бохтаанд. Ҳам дар Арманистону Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳам дар Озарбойҷон ҳолати ҷангӣ эълон шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.