Эрдуғон истифодаи вожаи “наслкушии арманиҳо” аз ҷониби Байденро ба шиддат маҳкум кард

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як изҳороташ 26-уми апрел тасмими президенти ИМА Ҷо Байден оид ба эътирофи наслкушии арманиҳоро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт, ки ин таҳаввулот дар равобити ду кишвар “таъсири харобиовар” хоҳад дошт. Баъди ҷаласаи кабинаи ҳукумат дар як изҳороти телевизиониаш Эрдуғон бо ишора ба марги миллионҳо амрикоиҳои маҳаллӣ гуфт, пеш аз он ки Байден мардуми Туркияро дар роҳ додан ба наслкушӣ гунаҳгор мекунад,  бояд аввал “ба оина нигарад”. Эрдуғон дар як изҳороти калонаш дар робита бо истифодаи вожаи “наслкушӣ” ё геносид аз ҷониби Байден гуфт, “шумо наметавонед ҳамин тавр бихезеду тамғаи геносидро болои мардуми Туркия бор кунед”. Сухан аз ҳаводиси рӯзҳои охири Ҷанги якуми ҷаҳон дар императории Усмонӣ меравад, ки бо қатли ом ва ихроҷи қавми арманӣ анҷомид. Изҳороти Байден рӯзи 24-уми апрел нашр шуд ва ин рӯз дар таърихи он солҳо ҳамчун оғози қатли ом ва ихроҷи арманиҳо ба ҳисоб меравад. Маъмуриятҳои пешини ИМА ба хотири роҳ надодан ба асабонияти Туркия, ки як муттафиқи НАТО мебошад, аз истифодаи вожаи геносид худдорӣ мекарданд. Линн Трейси, сафири ИМА дар Арманистон ба ин назар аст, ки Байден бо ин изҳороташ гуфт, ки ба хотири “эҳтиром ба аҳамияти ҳуқуқи умумии башар” ҳаводиси солҳои 1915 бояд аз дидгоҳи таърихӣ арзёбӣ шаванд

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.