“Эрк” – ҳизби мухолифи ҳукумати Узбекистон азми ширкат дар интихоботи президентиро дорад

Ҳизби мухолифи “Эрк”-и Узбекистон эълом кард, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ номзад пешбарӣ мекунад.

Ҳизби сиёсии “Эрк” соли 1991 дар вазорати адлияи Узбекистон сабти ном шудааст. Ин ҳизб дар давоми 30 сол, ба гуфтаи муассисон ва роҳбаронаш, ҳамеша зери фишор ва таъқиб будааст. Дар сомонаи ҳизби мазкур аз 5 апрел хабар дода шудааст, ки дар интихоботи президентии тирамоҳӣ бо номзади худ ширкат хоҳанд кард.

Бино ба изҳороти ҳизб, мумкин аст, овозхон Ҷаҳонгир Отаҷонов номзади ҳизби “Эрк” шавад. Отаҷонов чанде пеш эълом дошт, ки ба овозхонӣ хотима мебахшад ва вориди сиёсат мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вазорати адлияи Узбекистон моҳи январи соли гузашта ба дархости ҳизби “Эрк” барои фаъолияти дубораи расмӣ дар Узбекистон иҷозат надода буд.

Муҳаммад Солеҳ, раиси ҳизби “Эрк” дар интихоботи соли 1991 ягона рақиби президенти вақти он кишвар Ислом Каримов буд.

Нозирон гуфта буданд, ки бештар аз 50 дарсад раъйдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз Солеҳ овоз дода буданд. Аммо Комисияи марказии интихоботии Узбекистон Каримовро баранда эълом кард.

Баъди интихоботи соли 1991 мухолифон таъқиби тафтиш шуданд. Дар натиҷа Муҳаммад Солҳе соли 1993 Узбекистонро тарк кард ва то кунун дар Туркия истиқомат дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.